Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВоридоти гази Аврупо аз Озарбойҷон ду баробар мешавад

Воридоти гази Аврупо аз Озарбойҷон ду баробар мешавад

Дар идомаи азми Аврупо барои коҳиши вобастагӣ ба гази Русия, раиси комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо аз таҳвили ду баробари гази ҷумҳурии Озарбойҷон ба ин иттиҳодия хабар додааст. Италия низ барои афзоиши воридоти газ бо Алҷазоир тафоҳумнома имзо кард. 

Дар пайи ҳамлаи низомии Путин ба Укроин ва дар ростои ҳадафи Иттиҳодияи Аврупо барои коҳиши вобастагӣ ба манобеъи энергии Русия, ин иттиҳодия тасмим гирифта гази бештаре аз ҷумҳурии Озарбойҷон ворид кунад. 

Урсула фон дер Ляйен, раиси комиссияи Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи душанбе 18 июл бо ҳадафи таъмини гази Аврупо ба Боку сафар кард, гуфт таҳвили газ аз ҷумҳурии Озарбойҷон ба Иттиҳодияи Аврупо дар тӯли чанд соли оянда ду баробар хоҳад шуд. 

Дар ёддошти тафоҳуме, ки дар ин сафар миёни фон дер Ляйен ва Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, ба имзо расид, Боку аз соли 2027 солона ҳадди ақал 20 миллиард метри мукааб гази табии ба самти Аврупо содир хоҳад кард. 

Урсула фон дер Ляйен дар гуфтугӯ бо веб-сайти “Тогс Шоу” вобаста ба шабакаи як телевизиони Олмон ин ёддошти тафоҳумро фасли ҷадид дар ҳамкориҳо дар заминаи энерҷии байни ду тараф хонд ва афзуд: ”Озарбойҷон дар талоши Иттиҳодияи Аврупо барои қатъи вобастагии энерҷӣ ба Русия, шарики муҳимме талаққӣ мешавад.” 

Олмон, чаҳорумин иқтисоди бузурги ҷаҳон, худро барои ҳама сенариёҳо аз ҷумла таваққуфи комил арзаи гази Русия пас аз таъмироти 10 рузаи хатти лӯлаи “Нордстрем- 1” омода мекунад. Русия 14 июл эълом кард таъмироти чанд рӯзаи ин хатти лӯларо оғоз кардааст. Ин хатти лӯла соле 60 миллиард метр мукааб гази ин кишварро аз тариқи баҳри Балтика мустақиман роҳии Олмон мекунад. Ин таъмирот қарор аст авохири ҳафтаи ҷорӣ ба поён расад. 

Дар идомаи танишҳо бар сари энерҷӣ миёни Русия ва Аврупо, фон дер Ляйен дар твитте хотирнишон кард: “истифодаи Русия аз манобеъи энергӣ ба унвони як силоҳ, зарурати ҷустуҷӯи манобеъи дигари энерҷӣ барои Иттиҳодияи Аврупоро табдил ба яке аз аввалиятҳои ин иттиҳодия кардааст.” 

Афзоиши содироти гази Алҷазоир ба Италия 

Аз сӯи дигар дар идомаи талошҳо барои таъмини манобеъи гази ҷойгузин, Марио Драг, нахуствазири Италия низ рӯзи душанбе ба Алҷазира пойтахти Алҷазоир рафт то дар бораи интиқоли гази шимоли Африқо ба Аврупо аз Алҷазоир ройзанӣ кунад. 

Дар як конфронси матбуотии муштарак Абдулмаҷид Таббун, раисҷумҳури Алҷазоир аз имзои қарордоди “муҳим” миёни ин кишвар ва ширкатҳои энергии ғарбӣ аз ҷумла Енӣ, Тотал ва Оксидентал барои таъмини газ ба Италия хабар дод. 

Таббун ҳамчунин аз афзоиши 4 миллиард мукааби содироти газ ба Италия дар соли ҷорӣ хабар дод. 

Италия қисмати аъзами гази масрафиашро ворид мекунад. Пеш аз ин Русия 45 дарсад ниёзи Италия ба газро таъмин мекард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular