Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия рӯзи душанбе бори дигар таҳдид кард, ки раванди пайвастани Суид ва Финланд ба НАТО-ро мутаваққиф хоҳад кард.
Суханони раисҷумҳури Туркия дар ҳоле баён шуд, ки вай қарор аст имрӯзи сешанбе дар Теҳрон бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дидор кунад. Раҷаб Таййиб Урдуғон пеш аз ин дар ҷараёни нишасти сарони Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) дар Мадрид аз Стокголм ва Хелсинки хоста буд то “саҳми худ”-ро дар раванди мубориза бо терроризм ифо кунанд.
Раисҷумҳури Туркия рӯзи душанбе гуфт: “мо барои пайгирии раванди густариши НАТО рӯйкарди бисёр равшан доштаем. Моилам бори дигар ёдовардӣ кунам, ки мо ин равандро дар сурате, ки тадобири лозим барои риояти шурути мо дар назар гирифта нашуд мутаваққиф хоҳем кард.”
Вай афзуд: “мо ба таври хосс шоҳидем, ки Суид тасвири хубе дар ин замина аз худ ироа намекунад.”
Раҷаб Таййиб Урдуғон рӯзи сешанбе дар нишасти сеҷониба бо Владимир Путин ва Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ширкат хоҳад кард. Анқара умедвор аст то битавонад назари мусбати Маскавро нисбат ба амалиёти низомии Туркия дар шимоли ғарбии Сурия ҷалб кунад.
Туркия аз авохири моҳи май то кунун таҳдид кардааст, ки “минтақаи амниятӣ” ба тӯли 30 километр дар марз бо Сурия эҷод хоҳад кард. Эрон ва Русия пеш аз ин мухолифати худро бо ин амалиёт эълом кардаанд.
Раисҳои ҷумҳурии Туркия ва Русия қарор аст ҳамчунин дар ҷараёни нишасти Теҳрон дар бораи созу кор эҷоди заминаи судури ғаллоти Укроин бо якдигар гуфтугӯ кунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

