Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОзарбойҷон як зани таҳти пайгардро ба Тоҷикистон супурд

Озарбойҷон як зани таҳти пайгардро ба Тоҷикистон супурд

Мақомоти Озарбойҷон як шахси мавриди ҷустуҷӯро дар Тоҷикистон ба ин кишвар супурдаанд. Хабаргузории «Тренд» рӯзи 19-уми июл бо такя ба дафтари матбуоти Додситонии кулли Озарбойҷон дар ин бора иттилоъ дод.

Манбаъ навишт, Додситонии кулли Тоҷикистон ба ҷониби Озарбойҷон дар робита ба истирдоди Маҳбуба Мирзоғоева, ки «дар қаламрави Тоҷикистон ҷиноят содир кардааст», дархост фиристода буд.

Мирзоғоева ба гумони «қаллобӣ» ва «расонидани зарар дар ҳаҷми калон» мавриди пайгард қарор доштааст.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Озарбойҷон гуфтааст, Маҳбуба Мирзоғоева рӯзи 19-уми июл бо ҳамроҳии як ҳайати махсуси Хадамоти махсуси Вазорати адлияи Озарбойҷон ба Тоҷикистон расонда шуд.

Дар хабар зикр нашудааст, ки Мирзоғоева ба кӣ дар ҳаҷми калон зарари молӣ расонидааст.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар робита ба истирдоди Маҳбуба Мирзоғоева ибрози назар накардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular