Уилям Бернс, раис созмони CIA сафари ахири Владимир Путин ба Теҳронро камаҳамият ҷилва дод. Ба гуфтаи ин мақоми олирутбаи иттилоъотии Амрико, иттиҳод байн Маскав ва Теҳрон ду монеъи асосӣ дорад; Яке рақобати таърихии ду кишвар дар содироти энерҷӣ ва дигаре беэътимодӣ.
Бернс панҷшанбешаб дар ҷараёни ҳамоиши солонаи амниятӣ дар Колородо гуфт: “фикр мекунам воқеият ин аст, ки русҳо ва эрониҳо дар замони феълӣ ба якдигар ниёз доранд. Ҳарду кишвар таҳти таҳрими Амрико ҳастанд ва ҳарду ба думболи роҳе барои раҳоӣ аз инзивои сиёсӣ. Албатта ба рағми ин, ки ба кумаки ҳам ниёз доранд, эътимоде байни онҳо вуҷуд надорад. Барои он ки чӣ аз назари содироти энерҷӣ ва чӣ аз манзари таърихӣ рақиби ҳам маҳсуб мешаванд.”
Ин мақоми иттилоъотии Амрико, ки солиёни сол ба унвони сафири Иёлотт муттаҳида дар Маскав хидмат карда ва собиқаи муованати вазорат хориҷаро низ дар корномаи худ дорад, аз афроде аст, ки гуфта мешавад нақши пурранге дар ҳамвор кардани роҳи Барҷом дар соли 2015 доштааст.
Ин дипломати ботаҷриба бо таъкид бар ин ки ҳамкории низомӣ байни Эрон ва Русия “нигаронкунанда аст” нисбат ба давоми тӯлонимуддатти чунин ҳамкорие ибрози шубҳа кард. Ў изофа кард: “ба назари ман ҳатто дар арсаҳое ҳам, ки ин ду дар ҳоли ҳозир метавонанд ба ҳам кумак кунанд, маҳдудият вуҷуд дорад.”
Суханони Уилям Бернс чанд рӯз пас аз он баён мешавад, ки мавзеъҳои интиқодии раҳбари Эрон аз Ғарб ва НАТО дар дидори раисҷумҳури Русия хабарсоз шуда буд. Алии Хоманаӣ дар дидор бо Владимир Путин дар ҳоле, ки дасти якдигарро мефишурданд гуфта буд, ғарбиҳо бо Русияи қавӣ ва мустақил ба куллӣ мухолиф ҳастанд. Раҳбари Эрон ҳамчунин бо ситоиш аз Путин, ки ба гуфтаи вай муваффақ шуда дар “қазияи Укроин ибтикори амалро ба даст бигирад” тасреҳ карда буд, ки агар Путин ин корро намекард НАТО муддате баъд ин ҷангро ба роҳ меандохт.
Раиси Созмони иттилоъоти марказии Амрико ҳамчунин иддаои ҳафтаи пеши Ҷек Соливон, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар мавриди эҳтимоли хариди паҳподҳои эронӣ аз сӯи Русияро бар асоси арзёбии манобеъи иттилоъотии Амрико тасдиқ кард.
Бернс бо таъкид бар ин ки артиши Русия дар ҷабҳаи Украина мутаҳаммили хисороти қобили таваҷҷӯҳе шудааст, тамоси Маскав бо Теҳрон барои ҳимояти таслиҳотиро ба навъе бозтоби заъф ва нокороии феълии санъати дифоъии Русия донист.
Уилям Бернс дар суханони ҷудогона дар мавриди қимори Путин рӯйи Украина гуфт, ки раисҷумҳури Русия бар ин бовар будааст, ки дар як ҷанги фарсудакунанда ибтикори амалро ба даст хоҳад гирифт ва артишу иқтисоди Укроинро фарсуда ва замингир хоҳад кард ва муқовамати Аврупову Америка ҳам коҳиш меёбад, вале ин ба баҳои афзоиши талафоти неруҳояш тамом шудааст. Арзёбиҳо нишон медиҳад, ки Русия ҳудуди 15 ҳазор неруи худро аз даст дода ва 3 баробари ин рақам ҳам сарбози маҷрӯҳ дорад.
Бернс дар идома гуфт: “ба бовари ман ҳисобҳо ва пешфарзҳои Путин пеш аз ҳамла ба Укроин дар мавриди нокомии иттиҳод ва шикаста шудани муқовамати Укроин ғалат буд. Ў акнун ҳам ба иштибоҳоти худ идома медиҳад.”
Ин мақоми олирутбаи иттилоъотии Амрико дар поён бо такзиби овозаҳо дар бораи вазъияти саломатии Владимир Путин бо тамасхур гуфт, ки иттифоқан ӯ “хеле ҳам солим аст”. Албатта ӯ таъкид кард, ки ин назари шахсии ӯст на арзёбии созмон.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

