Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМанучеҳр Сафаров ба «Локомотив»-и Тошканд гузашт

Манучеҳр Сафаров ба «Локомотив»-и Тошканд гузашт

Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Манучеҳр Сафаров фаъолияти худро дар бошгоҳи футболи «Локомотив»-и Тошканд дар Суперлигаи Узбакистон идома медиҳад.

Манучеҳр Сафаров аз дастаи «Персеполис»-и Эрон, ки аз моҳи декабри соли гузашта дар ҳайати он бозӣ мекард, ба «Локомотив»-и Тошканд гузашт.

Тавре дар пойгоҳи маркази матбуоти Федератсияи Футболи Тоҷикистон зикр шудааст, Сафаров қаблан дар дастаҳои «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Локомотив-Помир», «Хуҷанд» ва «Истиқлол» бозӣ кардааст.

Манучеҳр Сафаров аз соли 2019 дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати тими миллӣ 18 бозӣ анҷом додааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular