Вазорати додгустарии Русия қасд дорад дафтари “Ожонси яҳуд» дар Маскавро таътил кунад ва ин масъала бо вокуниши Исроил рӯ ба рӯ шудааст. Ин ожонс як Созмони ғайрисиёсӣ бо беш аз 90 сол собиқа аст, ки кораш ташвиқу кумакрасонӣ дар муҳоҷират ба Исроил мебошад.
Қарор аст дафтари созмони “Ожонси яҳуд» дар Маскав баста шавад ва заминасозӣ барои ин кор хашми масъулон ва расонаҳои исроилиро барангехтааст.
Фаъолияти ин дафтар муддате пештар боздошта шуд ва вазорати адлияи Русия рӯзи ҷумъа, 22 июл дархости бастани ин ожонсро ба мақомоти қазоӣ ироа дод. Қарор аст додгоҳе дар Маскав рӯзи панҷшанбе дар бораи ин парванда тасмимгирӣ кунад.
Ожонси яҳуд соли 1929 ба унвони бахше аз “Созмони ҷаҳонии саҳюнистӣ” таъсис шуд ва пас аз поягузории Исроил меҳвари аслии фаъолияташ ташвиқу кумакрасонӣ дар муҳоҷирати яҳудиён ба ин кишвар аст.
Ин созмон муттаҳам шудааст, ки дар фаъолиятҳои худ иттилооте дар бораи шаҳрвандони русӣ ҷамъоварӣ карда ва қонунҳои Русияро нақз кардааст.
Равобити Русия ва Исроил аз оғози таҷовузи низомиёни Русия ба Укроин дар 24 феврал ба ин су дучори танишҳои гуногуне шудааст, ки таҳлилгаррон баҳси “Ожонси яҳуд”-ро низ яке дигар аз онҳо арзёбӣ мекунанд.
Яир Лапид, нахуствазири давлати интиқолии Исроил қасд дошт барои баррасии ин масъала ва ёфтани роҳҳале барои танишзудоӣ ҳайатеро рӯзи якшанбе, ба Русия эъзом кунад, ки зоҳиран ҳамоҳангҳои лозим барои ин кор сурат нагирифтааст.
Ба гузориши Ассошиэйтед Пресс, Лапид мегӯяд ҷомеаи яҳудиён дар Русия бисёр бузург ва боаҳамият аст ва дар тамоми гуфтугӯи сиёсӣ дар Маскав ҳузур дорад.
Вокуниши Исроил ва эҳтимоли иқдоми мутақобил
Яир Лапид дар баёнияе, ки рӯзи якшанбе мунташир шуд таъкид кард бастани дафтари ташаккули муҳоҷиратии яҳудиён дар Маскав як “руйдоди ҷиддӣ” хоҳад буд ва бар равобити ду кишвар таъсири баде хоҳад дошт.
Аз замони ҳамлаи Русия ба Укроин мавҷи камсобиқае аз муҳоҷирати яҳудиёни русӣ ва укроинӣ ба Исроил ба роҳ афтода ва тайи панҷ моҳи гузашта ҳудуди 30 ҳазор яҳудӣ аз ин ду кишвар муҳоҷират кардаанд.
Шабакаи 13 телевизиони Исроил мегӯяд Яир Лапид ба се узви кобина дастур дода як “бастаи иқдомоти мутақобил” барои вокуниш ба басташавии эҳтимолии дафтари Ожонси яҳуд дар Маскав омода кунанд.
Ба навиштаи рӯзномаи Едиот Ахронот, дар нишасти рӯзи якшанбе кобинаи Зеив Элкин, вазири маскани давлати интиқолӣ пешниҳод кардааст дар сурати баста шудани дафтари ожонс дар Маскав иқдомҳое алайҳи маркази фарҳангии Русия дар Телавив дар дастури кор қарор гирад.
Ин рӯзнома ба нақл аз як мақоми исроилӣ, ки номаш фош нашуда мегӯяд дар сурати баста шудани дафтари “Ожонси яҳуд” дар Маскав, Исроил бояд сафири худ дар Русияро ба унвони эътироз фаро бихонад.
Ҳамла ба Сурия, баҳонаи дигаре барои муноқиша
Яке дигар аз нишонаҳои таниш миёни Русия ва Исроил дар моҳҳои ахир ибрози нохушнудӣ ва интиқоди Маскав аз бомбаборони мавозеъе дар Сурия тавассути ҷангандаҳои исроилӣ аст.
Дар солҳои ахир садҳо ҳамла аз ҷониби Исроил, аз ҷумла ба мавозеъи низомиёни Эрон ва гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Теҳрон дар Сурия рух дода, ки таҳлилгарон мӯътақиданд имкони анҷоми онҳо бидуни чароғи сабзи Русия ба содагӣ вуҷуд надошт.
Маскав андаке пас аз таҳоҷум ба Укроин дар вокуниш ба суханони Лапид, ки он замон вазири хориҷаи Исроил буд ва ин иқдомро ба унвони ҷинояти ҷангӣ маҳкум кард ва дар иқдоми бесобиқа ҷузъиёт ва иттилооте дар бораи ҳамлаи ҷангандаҳои исроилӣ ба Сурияро мунташир кард.
“Ожонси яҳуд” дар Русия ҳудуди 200 корманд дорад, ки гуфта мешавад ба 600 ҳазор шаҳрванде, ки дорои шароити муҳоҷират ба Исроил ҳастанд ёрӣ мерасонад. Ҳанӯз мушаххас нест, ки бо бастани эҳтимолии ин ожонс таклифи ин шаҳрвандон чӣ мешавад.
Бо вуҷуди танишҳои ахир, Исроил ва Русия аз замони фурӯпошии иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва поёни даврони ҷанги сард равобити дӯстона ва мустаҳкаме доранд.
Бисёре аз шаҳрвандони Исроил яҳудиёни рустбор ҳастанд ва бузургтарин ҷамъияти яҳудиёни хориҷ аз Исроил, ки болиғ бар 80 ҳазор нафар мешаванд дар Маскав ҳастанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

