Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКоҳиши дубораи интиқоли гази Русия ва барномаи изтирории Аврупо

Коҳиши дубораи интиқоли гази Русия ва барномаи изтирории Аврупо

Ширкати русии Газпром эълом кард, ки таҳвили газ аз тариқи хатти лӯлаи Нордстрим 1-ро аз 40 дарсади феълӣ ба 20 дарсад коҳиш медиҳад. Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бар сари барномаи изтирорӣ дар сурати қатъи комили гази Русия ба тавофуқ расиданд. 

Газпром, ширкати азими энерҷии Русия рӯзи душанбе 25 июл эълом кард, ба далели таъмири як турбинаи дигар, рӯзона танҳо 33 миллион метри мукааб газ бояд аз тариқи муҳимтарин хатти лӯлаи интиқоли газ ба Олмон ҷорӣ шавад. 

Пеш аз ин Газпром мизони ирсоли газ аз тариқи хатти лӯлаи Нордстрим-1 дар баҳри Балтикаро 60 дарсад коҳиш дода буд ва акнун мехоҳад ин мизонро камтар кунад ва ба 20 дарсади он чӣ, ки дар қарордод пешбинӣ шуда бирасонад. 

Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо иттилоияи Газпромро далеле бар ниёз ба барномарезии изтирории муштараки аврупоӣ медонад. 

Як сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо шомгоҳи душанбе дар Брюссел гуфт: “дақиқан ин навъ сенария буд, ки боис шуд раиси комиссиюн хонум Урсула фон дер Ляйен пешниҳоде барои иқдоми муштарак дар ростои ҳамбастагӣ дар сарфаҷӯйи дар газ ироа диҳад. Вазъияти феълӣ таҳлили худи моро таъйид мекунад ва умед аст, ки Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо ин сешанбе дар мавриди посухи муносиб тасмимгирӣ кунад.” 

Тавофуқи кишварҳои аврупоӣ бар сари барномаи изтирорӣ 

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бар сари як барномаи изтирорӣ дар робита бо коҳиш ва сарфаҷӯйӣ дар масрафи газ ба тавофуқ расидаанд. Ҳадаф аз ин барнома, коҳиши таъсироти иқдоми эҳтимолии Русия дар сурати таваққуфи комили содироти газ аст. 

Хабаргузории Олмон бомдоди имрӯз сешанбе ба нақл аз мақомоти дипломатик гузориш дод, ки тибқи ин тарҳ кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо масрафи гази худро аз рӯзи аввали августи 2022 то 31 марти 2023 ба сурати довталабона 15 дарсад коҳиш медиҳанд. 

Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин бояд механизмҳои ҳушдордиҳанда дар саросари Иттиҳодияи Аврупо ба вуҷуд ояд, ки дар сурати камбуди густурдаи газ, сарфаҷӯйи маҷбурӣ шавад. 

Ин тарҳ қарор аст дар тӯли имрӯз, сешанбе (26 июл) ба таври расмӣ эълом шавад

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular