Monday, February 9, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСӯхтори бозор пас аз бонк дар Даҳанаи Кӯлоб

Сӯхтори бозор пас аз бонк дар Даҳанаи Кӯлоб

Дар бозори ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб сӯхтор рух додааст, ки аз рӯи нақли шоҳидони ин ҳодиса, сахт шубҳанок ба назар мерасад.

Тибқи иттилои шоҳидон, пас аз сӯхтор маълум шудааст, ки дари аксари мағозаҳое, ки оташ гирифтаанд шикаста будаанд. Ҳамчунин аз ҷои ҳодиса як лом ва гӯгирд пайдо шудааст.

Ҳанӯз маълум нест хисороти воридшуда ба соҳибони дӯконҳо чӣ қадар аст. Ҳамчунин ҳеҷ маълумоти расмие аз тарафи мақомоти интизомиву ҳокимияти маҳаллӣ дастрас нашудааст.

Шоҳидон мегӯянд бо гумони ғолиб ин дӯконҳо қабл аз сӯзонида шудан мавриди ғорат қарор гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки ду моҳ қабл як шӯъбаи бонк дар ин маҳал оташ гирифта буд. Шоҳидони он сӯхтор мегӯянд, аз усули сӯхтор ба назар мерасид, ки махсус ҳуҷҷатҳои ин бонк оташ зада шудаанд.

Инаш ҳам то ҳол маълум нест, ки ин ду сӯхтор рабте бо ҳам доранд ё хайр.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular