Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲаводорони Муқтадо Садр вориди парлумони Ироқ шуданд

Ҳаводорони Муқтадо Садр вориди парлумони Ироқ шуданд

Ҳомиёни Муқтадо Садр, рӯҳонии бонуфузи шиаи Ироқ рӯзи чаҳоршанбе, 27 июл вориди парлумон дар минтақаи сабз, ки мақари муассисоти давлатӣ ва сафоратхонаҳо дар Бағдод аст шуданд ва алайҳи Эрон шиор доданд. Онҳоро муаррифии Муҳаммад Шиъа Судонӣ ба унвони номзади нахуствазири ин кишвар ба хашм овардааст. 

Бисёре аз мӯътаризон дар парлумони Ироқ рӯйи мизҳо роҳ мерафтанд ва парчами Ироқро такон медоданд. Дар замони ҳузури мӯътаризон ҳеҷ намояндае дар парлумон набуд. Тибқи гузориши Ассошиэйтед Пресс танҳо нерӯҳои амнияти дохилии сохтмон буданд, ки ба назар мерасид бидуни сахтгирӣ иҷозаи вуруд ба мӯътаризонро доданд. 

Як мақоми амниятӣ ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки тазоҳуркунандагон пас аз вуруд ба минтақаи сабз саъй карданд ба самти парлумон ҳаракат кунанд, аммо полис барои мамониъат аз пешравии онҳо гази ашковар шиллик кард. Вале дар ниҳоят мӯътаризон тавонистанд бо убур аз монеъаҳо вориди саҳни парлумон шаванд. Онҳо пас аз 2 соат маҳали парлумонро тарк карданд. 

Тибқи гузориши Ассошиэйтед Пресс, полиси зидди шӯриш низ барои ақиб рондани тазоҳуркунандагон аз худравҳои обпош истифода кард. 

Муҳаммад Судонӣ, номзади эътилофи “чорчӯби ҳамоҳангии шиъӣ”, эътилофе ба раҳбарии аҳзоби шиъаи мавриди ҳимояти Эрон ва муттаҳидонаш аст. Тазоҳуркунандагон дар эътироз ба муаррифии Судонӣ шиор сар доданд. 

Нерӯҳои зидди шӯриш муқобили дарвозаҳои аслӣ таҷаммӯъ карда буданд, аммо бархе аз мӯътаризон дар атрофи ду вурудии минтақаи сабз бо боло рафтан аз деворҳои сементӣ шиор доданд: “Судонӣ, берун!” 

Тибқи ин гузориш, мӯътаризон ағлаб аз ҳомиёнии рӯҳонии бонуфузи шиъа Муқтадо Садр буданд, ки ахиран алорағми касби бештари курсиҳо дар парлумон аз арсаи сиёсат канорагирӣ кардааст. Пеш аз ин намояндагони ҷараёни Муқтадо Садр дар парлумони Ироқ ба дархости раҳбари худ, ба сурати дастаҷамъӣ аз намояндагӣ дар Маҷлиси ин кишвар истеъфо дода буданд. Ҷараёни Садр бузургтарин барандаи интихоботи парлумонии Ироқ, тавониста буд 73 курсиро ба худ ихтисос диҳад. 

Мустафо Козимӣ, нахуствазири муваққат хостори оромиш ва хештандории мӯътаризон шуд ва аз онҳо хост то аз минтақаи сабз хориҷ шаванд. 

Судони аз сӯи Нурӣ Моликӣ, раҳбари “давлати қонун” ва нахуствазири собиқ интихоб шудааст. Қабл аз ин ки Судонӣ ба баррасии намояндагони парлумон барои пости нахуствазире пешниҳрд шавад, аҳзоб бояд раисҷумҳурро интихоб кунанд. 

Муқтадо Садр пас аз ин ки натавонист эътилофе аз намояндагони парлумон барои интихоби раисҷумҳурӣ баъдии Ироқро ба даст овард, аз музокироти ташкили давлат хориҷ шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular