Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуслим Шерзамонов ба 18 соли зиндон маҳкум шуд

Муслим Шерзамонов ба 18 соли зиндон маҳкум шуд

Муслим Шерзамонов ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора хабаргузории Pamirdailynews дар канали телеграмияш хабар дод.
Муслим бародари сиёсатмадори мухолиф Алим Шерзамонов аст, ки мақомот ӯро дар ташкили ошӯбҳо дар Рӯшону Хоруғ муттаҳам мекунанд. Худи Алим Шерзамонов иттиҳомро бемаънӣ ва аҳмақона медонад.

Муслим Шерзамонов яке аз раҳбарони ҷамъиятии маҳаллаи Бархоруғ ва аз шахсони наздики полковники кушташуда Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров буд.

Қаблан наздикони Муслим хабар дода буданд, ки нерӯҳои амниятӣ дар манзили ӯ кофтукоб анҷом додаанд, вале чизе наёфтаанд. Аммо баъдан ин хабар ҳам нашр шуд, ки аз хонаи ӯ як автомати Калашников пайдо шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular