Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар 6 моҳ наздики 4 ҳазор нафар тарки соҳибкорӣ кардаанд

Дар 6 моҳ наздики 4 ҳазор нафар тарки соҳибкорӣ кардаанд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 3677 нафар ба фаъолияти соҳибкории худ хотима додаанд. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар дода шуд.

Қодирзода Саъдӣ — раиси ин ниҳод гуфт, ки “ба ҳолати 1-уми июли соли равон 338359 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, то ин дам 3677 нафар фаъолияти соҳибкории худро қатъ намудаанд. “Сабабҳои асосии қатъи фаъолити соҳибкорӣ фарсуда шудани иқтидори истеҳсолӣ, тобовар набудани маҳсулоти онҳо дар бозори дохилӣ ва паст будани малакаи молиявии соҳибкорон ба ҳисоб меравад”,- афзуд ӯ.

Тавре дар нишаст таъкид гардид, дар ин давра ба ҷумҳурӣ 173 млн доллар сармоя ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,6 млн доллар зиёд мебошад. Бештар ба Тоҷикистон аз Чин сармоя ворид гардида, ҳамзамон, аз Белгия, Швейтсария, Русия ва дигар давлатҳо низ сурат гирифтааст.

Аз Русия дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 18,5 млн доллар сармоя ворид гардидааст. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2021 ҳамагӣ аз Русия 1,9 млн доллар ворид гардида буд.

Инчунин, кумита 90 ҳуҷҷати ҳамкорӣ бо доираҳои сармоягузории Миср, Белгия ва Ӯзбекистон ба маблағи умумии наздик ба 1,1 млрд доллар ба анҷом расонидааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular