Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдории пойтахт аз шаҳрвандон даъват кардаанд ба саҳифаҳои қалбакии Рустами Эмомалӣ бовар накунанд.
«Ба иттилои шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ расонида мешавад, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, Инстаграм, Ватсап, Вайбер, Телеграм, Твиттер ва ғайра бо номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳифаҳои иҷтимоии қалбакӣ боз гардида, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус мардуми шарифи Тоҷикистон ва берун аз онро ба гумроҳӣ мебаранд», — менависад хабаргузории давлатии “Ховар бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
“Аз ҳамаи шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба ин саҳифаҳои қалбакии кушодашуда, ба истилоҳ «фейкҳо» бовар накунанд” — омадааст дар хабари хабаргузории давлатӣ.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

