Аз 4 август ширкати хусусии Somon Air, ки ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон таъаллуқ дорад, парвозҳоро аз фурудгоҳи шаҳри Қазони Русия ба Душанбе барқарор мекунад.
Парвозҳо тариқи ҳавопаймоҳои тамғаи Boeing 737-800 бо 189 ҷойи нишаст рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи Фурудгоҳи байнулмилалии «Казань» хабар дода мешавад.
Парвоз аз фурудгоҳи пойтахти Тотористон соати 21:00 ва расидан ба Душанбе соати 02:45 дақиқаи рӯзи дигар зикр шудааст. Аз Душанбе ҳавопаймо ба самти Қазон соати 18:00 парвоз карда, соати 19:30 ба ин шаҳр фуруд меояд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

