Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБилохира як мансабдор ба паёмадҳои манфии кам шудани донишҷӯён эътироф кард

Билохира як мансабдор ба паёмадҳои манфии кам шудани донишҷӯён эътироф кард

Субҳонзода Икром раҳбари Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш имрӯз, 2 август эътироф кард: “Кам шудани теъдоди донишҷӯён паёмадҳои манфӣ дорад, ки он метавонад ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ зарар расонад. Ин омил метавонад норасоии кадриро ба бор орад”. То ҳол ӯ ягона мансабдорест, ки ин амрро мушкил эътироф кардааст.

Субҳонзода хабар дод имрӯз дар кишвар наздик ба 2,7 млн нафар толибилм ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки таҳсили онҳо дар 4822 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 696 боғчаи кӯдакона, 3940 мактаб, 82 колеҷ ва 42 донишгоҳу донишкада ба роҳ монда шудааст.

Аз тарафи Агентӣ дар шаш моҳ фаъолияти 7 муассиса — “Мактаби хусусии ба номи Мирзо Ҳасанзода” дар Мастчоҳ, Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Ояндаи дурахшон” дар Бӯстон, ҶДММ “Хонаи британиягӣ” дар Душанбе, Маркази таълимии “Чароғи дониш” дар Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Сафои Ватан” дар Душанбе, ҶДММ “Ҳисор” дар Ҳисор ва ихтисосҳои тиббии Колеҷи техникии шаҳри Хуҷанд, ки ба сифати таҳсилот ҷавобгӯ набудаанд, бозхонд ва баста шудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular