Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДодситонии кулли Русия аз истирдоди 13 нафар ба Тоҷикистон хабар дод

Додситонии кулли Русия аз истирдоди 13 нафар ба Тоҷикистон хабар дод

Додситонии кулли Русия 13 фарди гумонбар дар ҷиноятро ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба маркази матбуоти Додситонӣ хабар додааст. Онҳоро мақомоти Русия боздошт ва барои адои ҷазо ба ниҳодҳои масъули Тоҷикистон супурдаанд.

Яке аз истирдодшудаҳо Зафар Қурбоналиев будааст, ки дар дузддии маблағ бо ҳаҷми калон гумонбар дониста мешавад. Ба иттилои Додситонии Русия, Қурбоналиев аз 25 уми феврал то 4-уми майи соли 2021 замони фаъолият ба ҳайси сардори маркази хизматрасонии “Тавҳидбонк” 1 миллион сомонӣ ва қариб 90 ҳазор долларро дуздидааст.

Охири моҳи гузашта Додситони кулли Русия Игор Краснов дар Душанбе бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Юсуф Раҳмон мулоқот дошт.

Дар Душанбе Додситони кулли Русияву Тоҷикистон барномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти муборизаи муштарак алайҳи ҷинояткорӣ ва таҳдидҳое мисли тероризму ифротгароиро имзо кардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular