Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲушдори Мирҳусайн Мусавӣ дар бораи меросӣ шудани раҳбарӣ дар Эрон

Ҳушдори Мирҳусайн Мусавӣ дар бораи меросӣ шудани раҳбарӣ дар Эрон

Мирҳусайн Мусавӣ, номзади мӯътариз ба натиҷаи интихоботи риёсатҷумҳурии соли 2009, ки беш аз як даҳа аст дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, дар бораи эҳтимоли “меросӣ” шудани раҳбарӣ дар Эрон ҳушдор дод. 

Мусавӣ дар навиштаи ҷадид, ки сайти “Калима” мансуб ба наздикони ӯ мунташир кардааст, бо ишора ба суханоне аз ин даст, ки пас аз марги раҳбарӣ, фарзандаш раҳбарӣ шиаёнро ба даст мегирад, навишт: “забонашон лол, магар силсилаҳои 2500 сола бозгаштаанд, ки фарзанде пас аз падараш ба ҳукумат бирасад?” 

Ӯ дар идома менависад: “13 сол аст, ки ахбори ин тавтеа шунида мешавад. Агар ба ростӣ дар пайи он нестанд чаро як бор чунин ниятеро такзиб намекунанд?” 

Дар бархе аз маҳфилҳои сиёсӣ аз Муҷтабо Хоманаӣ, яке аз фарзандони Алии Хоманаӣ раҳбари 82 солаи Эрон, ба унвони яке аз номзаҳои эҳтимолии раҳбари ояндаи кишвар ном бурда мешавад. 

Дар солҳои гузашта ҳамчунин ахборе аз дахолатҳои ӯ дар давраҳои мухталифи интихоботӣ дар Эрон мунташир шудааст. Аз ҷумла Маҳдӣ Каррубӣ, мӯътаризи дигар ба натиҷаи интихоботи риёсатҷумҳурии соли 2009 дар номае эътирозӣ ба Алии Хоманаӣ аз нақши Муҷтабо Хоманаӣ дар пирӯзии Маҳмуд Аҳмадинажод дар соли 2005 навишт. 

Гуфта мешавад, ки Муҷтабо Хоманаӣ, писари дувуми Алии Хоманаӣ иртибототи наздике бо Сипоҳи Посдорон дорад. 

“Истихдоми авбоши бадсират барои маъюб кардани ҷавонон” 

Мусавӣ дар ин навиштаи ҷадид дар таҳлиле аз он чи, ки дар эътирозоти сол 2009 дар Эрон рух дод, ба “истихдоми авбоши бадсират барои маъюб кардани ҷавонони мардум, ки басират ном гирифт” ишора кард ва навишт: “сазои он сардори беифтихоре, ки ба ин ҷиноят эътироф ва мубоҳот кард чӣ буд, ҷуз он ки ҷонаш дар ғурбат талаф шавад.”

Ӯ дар идома бидуни ном бурдан аз ин сардор, сарнавишти ӯро “ибрате барои бозмондагон” донист то “дарёбанд, ки худкома дар ивази тӯъмаҳое, ки пеши пояшон меандозад, ҳама чизи ононро талаб мекунад.” 

Бино ба гузоришҳо, Ҳусайн Ҳамадонӣ, фармондеҳи вақти Сипоҳи “Муҳаммад Расулуллоҳ” нақши муҳимме дар саркӯби мӯътаризон дар соли 1388 доштааст. Ҳамадонӣ аз ҷумла фармондеҳони аршади Сипоҳи Посдорон буд, ки дар Сурия кушта шуд. 

Ҳамадонӣ дар гуфтугӯе бо баёни ин ки бархе аз ҷинояткорон ва қотилонро пас аз шиносоӣ, узви се гардон кардааст, гуфта буд: “ин се гардон нишон доданд, ки агар бихоҳем муҷоҳид тарбият кунем бояд чунин афродеро, ки бо теғ сару кор доранд пойи кор биоварем.” 

Интиқод аз сиёсатҳои минтақаи Эрон 

Мусавӣ ҳамчунин дар бахши дигаре аз навиштаи худ, ки ба унвони пешгуфтор дар ибтидои тарҷумаи арабии баёнияҳои ӯ дар солҳои 2009 ва 2010 мунташир шуда, сиёсатҳои минтақаӣ Эронро “каҷравӣ” тавсиф кардааст. 

Ӯ “миллионҳо муҳоҷир ва садҳо ҳазор кушта дар Сурия, бадномии Ҳизбуллоҳи Лубнон, пайдоиши ДОИШ, ҷангҳои қавмӣ ва қабилаӣ дар Яман ва гароиши кишварҳои арабӣ ба пайванд бо Исроил ва шиори ҳилоли шиаӣ”-ро “шоҳид шум будани ниятҳои ин каҷравӣ” донист. 

Мусавӣ дар идомаи ин матн навиштааст: “ҳокимият номи баҳори арабиро ба бедории исломӣ тағйир дод, то ҳаракати пайванд ба озодӣ ва адолати миллатҳои басутӯҳомада аз диктаториву гуруснагиву фақр ва беадолативу маҷлисҳои қаллобиро аз ҳақиқаташ холӣ кунад.” 

Ӯ ҳамчунин дар навиштаи ҷадиди худ таъкид кардааст, ки “11 солу чанди дурӣ, моро бар аҳдамон бо ормонҳои пешин побарҷотар кардааст”. 

Мирҳусайн Мусавӣ, Заҳро Раҳнурд ва Маҳдӣ Каррубӣ аз соли 2011 дар ҳасри хонагӣ қарор доранд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular