Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКоҳиши нархи гандум бо шурӯъи содироти он аз Укроин

Коҳиши нархи гандум бо шурӯъи содироти он аз Укроин

Нархи гандум ва ҷувори бо расидани нахустин маҳмулаи ғаллаи Укроин ба бозори ҷаҳонӣ коҳиш ёфт.

Интишори ахбори марбут ба расидани аввалин маҳмулаи ғаллаи Укроин ба бозори ҷаҳонӣ ва интизори коҳиш ва маҳдудиятҳои мавҷуд бар содироти маҳсулоти кишоварзии Русия боис шуд, ки нархи маҳсулоти кишоварзӣ ба хусус гандум ва ҷувори коҳиш ёбад.

Бар ҳамин асос нархи гандум 1,4 дарсад коҳиш ёфт ва 25,4 килограми он  ба 7, 64 доллар расид. Нархи ҷуворимака ҳам 1,1 дарсад поён омад ва 25.4 килограми он 6,03 доллар шуд. Нархи соя ҳам 0.09 дарсад коҳиш ёфт ва ҳамакнун бо нархи 14.07 доллар ҳар 25.4 килограм хариду фуруш мешавад.

Русия ва Укроин бузургтарин таъминкунандаи ғаллот дар ҷаҳон ҳастанд ва ҳудуди яксевуми ниёзи ҷаҳонро таъмин мекунанд.

То кунун 10 маҳмулаи ғаллот бандарҳои Укроинро ба мақсади бозорҳои ҷаҳонӣ тарк карданд, аввалин маҳмулаи ғаллоти Укроин ҳам дар рӯзи 5 август ва бо 26 ҳазор тонна ҷувори соҳили Одессаро ба мақсади Лубнон тарк карда буд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular