Tuesday, March 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯк узви Сипоҳи посдорони Эрон ба тарроҳии нақшаи террори Ҷон Болтон муттаҳам...

Як узви Сипоҳи посдорони Эрон ба тарроҳии нақшаи террори Ҷон Болтон муттаҳам шуд

Вазорати адлияи Амрико як узви Сипоҳи посдорон ба номи Шаҳром Пурсафиро ба тарроҳии нақшаи террори Ҷон Болтон муттаҳам кард. Як мақоми амрикоӣ гуфта ин мавзӯъ таъсире бар музокироти атомӣ бо Эрон нахоҳад дошт. 

Вазорати додгустарии Иёлоти муттаҳида, рӯзи чаҳоршанбе, 10 август як узви Сипоҳи Посдоронро ба талош барои террори Ҷон Болтон муттаҳам кард. Шаҳром Пурсафии 45 сола, ки ба номи Маҳди Ризоӣ низ шинохта мешавад, муттаҳам шуда, ки дар талофии кушта шудани Қосим Сулаймонӣ дар январи 2020, қасд дошта Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии давлати Трампро террор кунад. 

FBI, полиси федерали Амрико Пурсафиро муттаҳам карда, ки дар октябри 2021 бо додани 300 ҳазор доллар ба афроде дар Иёлоти муттаҳида, қасд дошта онҳоро қонеъ кунад, ки нақшаи террори Ҷон Болтонро ё дар Вашингтон DC ва ё дар Иёлоти Мэриленд пиёда кунанд. 

Тибқи асноди мунташиршуда дар додгоҳ, ин фард дар рӯзи 22 октябри 2021 бо ин иддао, ки барои таълифи китоби худ ба акс ниёз дорад, дар ҷараёни мулоқоти онлайн бо фарди сокини Иёлоти муттаҳида, аз ӯ хоста буд, ки аз Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии давлати собиқи Иёлот муттаҳида акс бигирад. 

Бино ба изҳороти додситони ин парванда, талош барои террори Ҷон Болтон қарор буд ба талофи ҳамлаи январи 2020 анҷом шавад, ки дар ҷараёни он Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯри Қудси Сипоҳ дар Бағдод ба дасти нерӯҳои амрикоӣ кушта шуд. 

Дар ҳамин робита муовини додситони умумӣ, Матзив Ҷ. Олсен дар изҳороте эълом кард: “ин бори аввале нест, ки мо аз тарҳҳои Эрон барои интиқомгирӣ алайҳи ашхосе дар хоки Иёлоти муттаҳида парда бармедорем ва ҳамчунон ба таври хастагинопазир ба талоши худамон барои кашф ва безарар кардани якояки ин иқдомҳо идома хоҳем дод”. 

Пеш аз ин дар соли 2020 нашрияи “Вашингтон Экзаминер» аз қавли яке аз мақомоти вазорати додгустарии Амрико аз қасди “дасти кам ду узви нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорон” барои террори Ҷон Болтон, мушовири собиқи амнияти миллии Амрико хабар дода буд. 

Дар ин гузориш омада буд, ки таҳқиқоти давлати Иёлоти муттаҳида ва иттилооти вазорати додгустарии ин кишвар, дар баргирандаи “шавоҳиди мӯътабаре” аз тавтеаи Эрон аст аммо дар айни ҳол мақомоти Кохи Сафед «исрор доранд, ки ифшои умумии ин мавзӯъ мумкин аст музокироти атомиро аз масири худ хориҷ кунад”. 

Вашингтон Экзаминер дар гузориши худ навишта буд, ки эҳтимоли судури ҳукми иттиҳоми маҳрамона алайҳи аъзои нерӯи Қудс, ки дар тарроҳии ин террор нақш доштаанд кам аст аммо як мақоми вазорати додгустарӣ дар гуфтугӯ бо Вашингтон Экзаминер гуфта буд бо дар назар гирифтани ин ки тавтеаи қатл ҷиддӣ буда, иттиҳом бояд сареъан содир шавад ва ба иттилоъи умум бирасад. 

Ин гузориш ҳамчунин ба нақл аз мақомоти додгустарии Иёлоти муттаҳида навишта буд, ки барои иҷрои нақшаи террори Ҷон Болтон, истихдоми як фард дар Амрико дар дастури кори террористҳо будааст. 

Таҳдид ба қатл ва террор дар интиқоми кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, дар адабиёти мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ, мавзӯъи маҳрамонае нест ва дар бисёре аз маворид ба таври аланӣ баён мешавад. Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар дувумин солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи нерӯи Қудс, бо ишораи зимнӣ ба тарроҳии террор дар интиқоми кушта шудани Қосим Сулаймонӣ гуфта буд: “бояд мутаҷовиз ва қотил, раисҷумҳури вақти Амрико қасос ва бояд ҳукми Худо дар мавриди ӯ ҷорӣ шавад.” 

Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Иёлоти муттаҳида, пеш аз ин ҳушдор дода буд, ки ҳар гуна ҳамлаи Эрон ба шаҳрвандони амрикоӣ бо “авоқиби шадиде” рӯ ба рӯ хоҳад шуд. 

Як мақоми давлати Амрико, ки нахост номаш фош шавад ба хабаргузории Рейтерз гуфтааст иттиҳомот алайҳи узви Сипоҳи Посдорон барои нақшаи террори Ҷон Болтон таъсире бар музокироти атомӣ бо Эрон нахоҳад дошт. 

Ин мақоми баландпоя гуфтааст: “аз назари мо ин ки вазорати адлия иттиҳомотеро алайҳи Шаҳром Пурсафӣ тарҳ карда бо дипломосии Иёлоти муттаҳида дар муқобили Эрон иртиботе надорад.” 

Вашингтон ва Теҳрон бо миёнаравии Иттиҳодияи Аврупо машғули музокира барои бозгашт ба тавофуқи Барҷом ҳастанд. Музокироте, ки то кунун бенатиҷа будааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular