Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ каме бештар аз $3,5 млрд.ро ташкил додааст ва мисли ҳамеша содирот бамаротиб камтар аз воридот аст. Дар ҳамин ҳол афзоиши беш аз 24-дарсадии содирот ба қайд гирифта шудааст.
Ҳаҷми содирот дар ин муддат ба $1,2 млрд баробар шудааст, ки 0,1% ё $1,6 млн камтар аз ҳамин давари соли гузашта аст.
Воридот бошад бо афзоиши якбораи 24,2-дарсадӣ ба $2,3 млрд расидааст, ки $447,2 млн бештар аз давари мушобеҳи соли қабл аст.
Шарикони асосии Тоҷикистон дар содирот Қазоқистон, Чин, Туркия ва Узбекситон будаанд.
Дар шаш моҳ ба Қазоқистон молу маҳсулот, ки қисмати асосиашонро маҳсулоти хоми нотайёр ташкил медиҳад, ба маблағи $245,1 млн содир шудааст. Дар ҳамин ҳол маблағи маҳсулоти воридшуда аз ин кишвар ба $397,1 млн баробар шудааст.
Гардиши мол байни Тоҷикистону Чин дар ин муддат ба $669,8 млн расидааст. Маблағи воридот аз ин ҳаҷм $447,4 млн.ро ташкил додааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

