Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТолибон 15 августро ба муносибати солрузи вурудаш ба Кобул, рухсатӣ эълом кард

Толибон 15 августро ба муносибати солрузи вурудаш ба Кобул, рухсатӣ эълом кард

Толибон рӯзи душанбе, 15 августро ба муносибати нахустин солрӯзи вуруди ин гурӯҳ ба Кобул рухсатии умумӣ эълом кард. 

Порсол дар чунин рӯзе Муҳаммад Ашрф Ғанӣ аз Кобул фирор кард ва Толибон вориди ин шаҳр шуданд. 

Дар номае, ки вазорати кор ва умури иҷтимоии Толибон ба Бохтар, хабаргузории давлатии таҳти контроли Толибон ирсол кардааст, омадааст, ки рӯзи душанбе, 15 август “нахустин солрузи пирӯзии ҷиҳоди барҳақи афғонҳо ба раҳбарии Аморати Исломии Афғонистон дар баробари ишғоли Амрико ва муттаҳидони онҳо аст, ба ҳамин асос ин рӯз бар асоси тақвими Аморати Исломии Афғонистон дар сар то сари кишвар рухсатии умумӣ аст.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular