Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСодироти алюминий аз Тоҷикистон ба Туркия бештар шудааст

Содироти алюминий аз Тоҷикистон ба Туркия бештар шудааст

Содироти алюминий аз Тоҷикистон ба Туркия дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ  70 миллиону 100 ҳазор долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки 67 миллиону 100 ҳазор доллар буд,  4,4 дарсад бештар аст.

Содироти алюминии Тоҷикистон ба Туркия ба ҳисоби миқдорӣ 23 ҳазору 94 тоннаро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки Туркия дар моҳҳои январ-июни соли 2022 воридкунандаи аслии алюминийи Тоҷикистон шуд. Дар ҷои дуюм дар ин нишондиҳанда Узбакистон ба маблағи 10 миллиону 600 ҳазор доллар аст.

Даромади умумии Тоҷикистон аз содироти алюминий дар ин муддат 88 миллион долларро ташкил додааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular