Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИмкони вуҷуди маҷрӯҳон ва ҳатто ҷонбохтаҳо дар бархӯрди мошини ҳомили газ бо...

Имкони вуҷуди маҷрӯҳон ва ҳатто ҷонбохтаҳо дар бархӯрди мошини ҳомили газ бо мусофирбар

Дар натиҷаи бархӯрди мошини ҳомили газ ба автобуси ширкати Asian Express, ки мусофиронро аз Душанбе ба Хуҷанд мебурд, ронандаи мошин ба ҳалокат расидааст ва таркиши мошин ҳам иттифоқ афтодааст. Расман дар бораи тақдири муфофирони автобус чизе гуфта намешавад, аммо шоҳидон аз вазъи вахими бархе аз онҳл мегӯянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода хабари бархӯрди мошини ҳомили газ юа мусофибарро тасдиқ карда, танҳо гуфтааст, ки  “дар дохили автобус мусофирони зиёд буданд ва ҳоло дақиқ нест, ки чанд нафар маҷруҳ шудаанд”. Дар ин бора Азия Плюс бо истинода ба ин кумита навиштааст.

«Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД», ки роҳи Душанбе-Чаноқро пулакӣ кардааст, дар саҳифаи фейсбукиаш навишт “дар километри 46- уми роҳи Душанбе  — Чаноқ нақлиёти боркаши барои интиқоли гази моеъ махсусгардонидашуда, бинобар аз кор баромадани тормоз бо садама дучор шуд.  Дар натиҷа, таркиш ба амал омад”. Дар ҳамин ҳол дар бораи бархӯрдани мошини ҳомили газ ба мусофирбар ин ширкати пулчинак чизе нагуфтааст.

Танҳо хабар дода, ки “ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин минтақа муваққатан маҳдуд гардид”.

Дар ҳамин ҳол як шоҳиди ҳодиса, ки баъди бархӯрди мошин бо мусофирбар ба ҷои ҳодиса расидааст, ба Паём навишт дуртар аз мусофирбар чанд нафарро дар роҳ хобонидаанд ва шояд ҷароҳаташон вазнин бошад. Ӯ гуфт, ки мусфоирони дигарро аз ҷои ҳодиса дур рондаанд ва иҷозаи аксбардорӣ намедиҳанд.

Ин хабар такмил мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular