Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи мухолифин дар хориҷи кишвар ба ин суол ва суолҳои дигар посух хоҳад дод.
Гуфтугӯи мустақими раиси ҲНИТ бо мардум имрӯз 6 сентябр соати 18:00 ба вақти Олмон,19:00 ба вақти Москав ва 21:00 ба вақти Душанбе барузор шуда дар Ютуб ва шабакаи телевизионии Паём ТВ пахш мешавад.
Гуфтанист, қарор аст Додгоҳи олии Русия ҳафтае пас, яъне рӯзи 14 сентябр дархости Додситонии кулли ин кишвар мабнӣ бар террористӣ эътироф кардани ҲНИТ-ро баррасӣ кунад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

