Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВоридоти маҳсулоти омодаи ғизоӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Воридоти маҳсулоти омодаи ғизоӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти омодаи ғизоиро афзоиш додааст. Воридоти махсулоти растанӣ низ меафзояд.

Воридоти маҳсулоти хӯроквории омодашуда 19,2 фоиз ё 40 миллиону 200 ҳазор доллар зиёд шуда, беш аз 249 миллион долларро ташкил дод, ки ин рақам дар моҳҳои январ-августи соли 2021 беш аз 208 миллиону 800 ҳазор долларро ташкил дод.

Ба рӯйхати маҳсулоти тайёри озуқавории воридшаванда маҳсулоти қаннодӣ, консерва, маҳсулоти баҳрӣ ва ғайра дохил карда шудаанд.

Ин маҳсулот асосан аз Русия, Чин, Узбакистон ва Қазоқистон ворид мешавад.

Дар ин давра ҳаҷми воридоти маҳсулоти растанӣ беш аз 102 миллиону 800 ҳазор долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 беш аз 18 миллиону 700 ҳазор доллар ё 22,4 фоиз зиёд мебошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular