Saturday, February 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКабирӣ ба Путин: он чи Русия дар Тоҷикистон анҷом медиҳад, шикасти сиёсист

Кабирӣ ба Путин: он чи Русия дар Тоҷикистон анҷом медиҳад, шикасти сиёсист

Муҳиддин раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи мухолифин дар хориҷи кишвар бо номаи саркушода ба раисҷумҳури Русия муроҷиъат кард.

Дар нома Кабирӣ аз Путин даъват кардааст ба террористӣ хонда шинохта шудани ҲНИТ дар Русия иҷоза надиҳад ва “ҳизби мухолифи тоҷикеро, ки умдатан бетараф ва ҳатто дӯст аст” душман эълон накунад.

Ӯ ин тасмимро аҷулона номида, гуфтааст “дар сурати қабул гардидани ин қарор, даҳҳо ва садҳо ҳазор тарафдорон ва собиқ аъзоёни ҳизб ва шаҳрвандони оддии Тоҷикистон бори дигар қурбонии таъқибҳо ва фишорҳои сиёсиву равонӣ дар Тоҷикистон ва Русия мегарданд”.    

Раҳбари мухолифини тоҷик сиёсатеро, ки вақтҳои охир Русия дар Тоҷикистон пеш гирифтааст маҳкум ба шикаст номида навиштааст “солҳои охир шарикони русиягии Раҳмон барои розӣ кардани ӯ қадам ба қадам дастовардҳои сиёсиеро, ки Русия дар сад соли охир бо дипломатия, қувваи нарм ва фарҳанг ба онҳо ноил шуда буд, аз даст доданд”.  

Дар нома зикр шудааст, ки “сиёсати дастгирии саркӯбҳои саросарӣ, ки Раҳмон нисбати мардуми ВМКБ анҷом медиҳад, аллакай ҳазорҳо бадахшониро дар ин минтақаи аз нигоҳи таърихиву суннатӣ ҷонибдори Русия, рӯйгардон ва ноумед кард. Он чи шумо дар Тоҷикистон анҷом медиҳед, шикасти сиёсист, Владимир Владимирович”. 

Матни пурраи ин нома бо забони русӣ дар бахши русии Паём

Тарҷумаи пурраи он ба зудӣ инҷо нашр хоҳад шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular