Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶумъа Далер 80 тон асфалтро аз ҳисоби кӣ тӯҳфа кард?

Ҷумъа Далер 80 тон асфалтро аз ҳисоби кӣ тӯҳфа кард?

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир ба муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шуғнон ба миқдори 80 тон асфалт додааст. Маълум нест ин “кумак” аз ҳисоби вазорати таҳти раҳбарии ӯст ё аз кисаи худи вазир.

Ҳадафи сафари вазир ба ноҳияи Шуғнон боздид аз мавзеъи бунёди майдони Парчами давлатӣ гуфта мешавад, ки аз ҳисоби маблағгузории Вазорати энергетика ва захираҳои об бунёд карда мешавад.

Ҷумъа Далер ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар хонаи истиқоматии барои оилаи аз офати табиӣ зарардида сохташаванда дидан намуда, “барои тезонидани корҳои сохтмонӣ ва ҳарчи зудтар таъмин намудани иншоот бо масолеҳи сохтмонӣ ба роҳбарияти ширкати “Помир Энерҷӣ” супоришҳо додааст”.

Қвблан расиҷумҳур ба раисону вазирон супориш дода буд дар зодгоҳҳои худ мактабу боғча ва роҳ созанд. Аксари вазирон “аз ҳисоби шахсиашон” мактаб, боғча, бунгоҳи тиббӣ ва роҳу дигар иншоот сохтанд, ки маблағи бархе аз онҳо ба садҳо ҳазор доллар мерасид. 

Вазирон дар Тоҷикистон муродифи 500 то1000 доллар моҳона мегиранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular