Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуфтии Тоҷикистон ба Алмато меравад

Муфтии Тоҷикистон ба Алмато меравад

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар Анҷумани VII-уми пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ, ки 14-15-уми сентябри соли равон дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар ин бора аз Кумитаи дин, аънана ва ҷашну маросим хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки дар анҷумани байнимазҳабии Алмато, садҳо намоянда аз беш аз 50 кишвари ҷаҳон иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Расонаҳои қазоқӣ , ки интизор меравад дар ҳамоиш  Попи Рим Франсис, Имоми олии Ал-Азҳар Шайх Аҳмад ат-Тайиб ва дигар раҳбарони рӯҳонӣ ширкат кунанд.

Гуфта мешавад, ки Патриархи Маскав ва тамоми Русия Кирилл ба Анҷумани VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ ба Қазоқистон намеравад.

Гуфта мешавад, ки пас аз ҷамъбасти анҷуман эъломияе қабул мешавад, ки мавқеъи ширкаткунандагони анҷуманро дар мавриди таҳкими равобити байни тамаддунҳо ва мазҳабҳо, ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ инъикос мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular