Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБОР барои таҳкими таҳсилоти миёнаи STEM ба Тоҷикистон $1 млн медиҳад

БОР барои таҳкими таҳсилоти миёнаи STEM ба Тоҷикистон $1 млн медиҳад

Бонки Осиёии Рушд  як гранти техникӣ барои кумак ба ҳукумати Тоҷикистон дар беҳбуди дастрасӣ ва сифати таҳсилоти миёнаи умумӣ дар риштаҳои илм, технология, муҳандисӣ ва риёзӣ (STEM) 1 миллион доллари амрикоиро тасвиб кардааст.

Гранти кӯмаки техникӣ ба таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи минбаъдаи сармоягузорӣ барои таҳкими таҳсилоти миёнаи STEM дар Тоҷикистон, ки ба синфҳои 5-11 нигаронида шудааст, мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи минбаъдаи сармоягузорӣ ба барномаи индикативии лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд  дар Тоҷикистон барои соли 2023 шомил шудааст.

Дар омезиши илм, технология, муҳандисӣ ва математика, STEM ба ҳамкорӣ, муошират, иктишоф, ҳалли мушкилот, тафаккури интиқодӣ ва заковат таъкид мекунад.

Гранти кӯмаки техникӣ таҳлили муфассали таҳсилоти миёнаи STEM дар кишварро омода мекунад, мактабҳои миёнаро барои таъмир ва тармим ҳамчун як қисми лоиҳаи минбаъдаи сармоягузорӣ интихоб мекунад, нақшаҳои харид ва ҳуҷҷатҳои тендериро барои мактабҳои интихобшуда омода ва дастгирӣ мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular