Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВуруди мошинҳо ба Душанбе маҳдуд шуд

Вуруди мошинҳо ба Душанбе маҳдуд шуд

Мақомотм пойтахт вуруди мошинҳо аз минтақаҳои атроф ба пойтахтро маҳдуд кардаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, тасмим муваққатист ва ба маъракаҳои бахшида ба 31-умин солгарди истиқлол дар Душанбе пайванд дорад. Ба гуфтаи онҳо, дар чанд кӯчаи пойтахт низ ҳаракати мошинҳо манъ шудааст.

Мақомот гуфтаанд, эълони маҳдуд шудани ҳаракати мошинҳоро чанд рӯз пеш ба мардум расонда буданд, то ғами худро бихӯранду нақшаи кору сафарашонро бикашанд.

Маъракаи асосии таҷлил аз ҷашни истиқлоли Тоҷикистон дар Душанбе шоми 8-уми сентябр ва бо ифтитоҳи «Маҷмаи Истиқлол» баргузор хоҳад шуд. Ин маҷмааро дар як соли охир ва бо тахриби чанд маҳаллаи бузурге аз пушти Донишгоҳи омӯзгорӣ то “Кохи Ваҳдат” сохтаанд.

Ҳоло маълум нест, ба иҷрои он чӣ қадар пул харҷ шудааст, аммо бисёре аз сокинони пешинаи он маҳал мегӯянд, хонаву дари ободи худро аз даст доданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular