Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар низоъи субҳи имрӯз ҳам танҳо сарҳадбонони тоҷик куштаву захмӣ шуданд

Дар низоъи субҳи имрӯз ҳам танҳо сарҳадбонони тоҷик куштаву захмӣ шуданд

Дар низоъи мусаллаҳонаи дигар, ки субҳи 14 сентябр байни нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон сар зад, як марзбони тоҷик кушта ва ҳадди ақал се нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Шумори захмиҳоро бархе манобеъ панҷ нафар мегӯянд. 

Бархе хабаргузориҳо, аз ҷумла Рейтерз, РИА Новости ва Радиои Озодӣ аз кушта шудани як марзбони тоҷик хабар додаанд. Шумори захимҳоро Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеъаш се нафар мегӯяд. Аммо Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш дар беморхонаи Ворух, захмиёнро 5 нафар гуфтааст. 

Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон пас аз як моати ҳамтоёни қирғизи худ бо нашри байния низохро расман шарҳ дод, онро ба дӯши марзборони қирғиз гузошт, вале дар бораи кушта ё захмӣ шудани марзбонони тоҷик чизе нагуфт. 

Дар ҳамин неруҳои марзбонии Қирғизистон мегӯяд, дар тирпарронӣ ягон сарҳадбони ин кишвар кушта, ё захмӣ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол сокинон мегӯянд тонку дигар нақлиёти низомӣ дар минтақаи Чорқишлоқ ва Чоркӯҳ дар ҳолати омодабош қарор гирифтаанд. 

Субҳи имрӯз, 14 сентябр Хадамоти сарҳадии КДАМ Қирғизистон хабар дод “зимни адои масъулият дар маҳалли Булак-Башии ноҳифи Баткенти вилояти Баткент гурӯҳи сарҳадбонони Қирғизистон гурӯҳи сарҳадбонони Тоҷикистонро мушоҳида кард, ки бо шикастани шартномаҳои қаблан байни ду кишвар имзошуда, дар қисмати хатгузоринашуда мавқеъи низомӣ гирифтааст”. 

Ин ниҳод даъво дорад, ки сарҳадбонони тоҷик бо нодида гирифтани “талабҳои қонунии ҷониби қирғиз” ба самти онҳо оташ кушодааст. Дар посух сарҳадбонони қирғиз низ аз силоқ кор гирифтаанд. 

Байни ду ҷониб тирпарронии мутақобил сурат гирифта, ҷониби Тоҷикистон гӯё аз минандозҳо истифода кардааст.

Ин ниҳод гузориш дода, ки аз ҷониби қирғизҳо ҳеҷ захмӣ ё куштае ба қайд гирифта нашудааст. Бинобар хомӯшии ҳамешагии мақомоти тоҷик муайян кардани вуҷуд ва шумори осебдидаҳо аз ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз ғайриимкон аст. 

Байни сардорони раёсатҳои сарҳадбонии Баткен ва Суғд гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифтааст ва ҷонибҳо тасмим доранд мулоқот анҷом дода, аз шиддат гирифтани хушунат пешгирӣ намоянд.

Ҷониби Қирғизистон зимни хушунатҳо ҳамеша аввалин шуда баёнот нашр мекунад ва бо ВАО дар тамос аст. Ҷониби Тоҷикистон ё комилан хомӯш меистад ва ё баёнияашро соатҳо пас аз ҷониби муқобил нашр мекунад. Ин боис мешавад фарзияи қирғизҳо дар расонаҳои байналмиллалӣ роҳ ёбанд ва онҳо ҳамеша дар ҷанги иттилоъотӣ пешсаф бошанд.  

Соате пас аз нашри КДАМ Қирғизистон дар бораи низоъи нави марзӣ, мақомоти Тоҷикистон низ аз хоб бедор шуданд ва байния нашр карданд. Макази матуботии Нерӯҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар тирпарроние, ки субҳи имрӯз сурат гирифт, ҷониби Қирӯизистонро гунаҳкор медонад.

«14 сентябри соли 2022, тахминан, соати 07-15 дақиқа, аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт. Ғайр аз ин, аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд», омадааст дар иттилоъияи Маркази матбуоти Неруҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилоъи манбаъ «аз тарафи сарҳадбонони Неруҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular