Sunday, February 8, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШиркаткунандагони музокироти Остона ҳанӯз мушаххас нашудаанд

Ширкаткунандагони музокироти Остона ҳанӯз мушаххас нашудаанд

Пеш аз оғози гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона, Русия аз эҳтимоли музокироти мустақими тарафҳои даргир дар Сурия хабар дод.

Дар ҳоле, ки танҳо 10 рӯз ба оғози гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона, пойтахти Қазоқистон мондааст, манобеъ русӣ хабар додаанд эҳтимол дорад тарафҳои низоъи Сурия дар Остона мустақиман бо якдигар музокира кунанд. Бо ин ҳол, то кунун иттилооте дар бораи ҳуввияти музокиракунандагон мушаххас нашудааст.

Гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад, ки тавофуқи оташбасро 30 декабр дар Анқара имзо карданд, дар пайи нақзи мукаррари оташбас аз сӯи артиши Сурия, эълом кардаанд агар нақзи оташбас мутаваққиф нашуд, онҳо ин тавофуқро поёнёфта ҳисобида, дар музокироти Остона ширкат нахоҳанд кард.

Стефан Димистро, фиристодаи вежаи Созмон милал дар мавзӯъи Сурия эълом кард, то кунун аз ӯ барои ширкат дар ин нишаст даъват нашудааст, бо инҳол ҳимояти худро аз ин гуфтугӯҳо бар асоси тавофуқи Женева эълом кард.

Алорағми ин, ки чизе ба оғози нишасти Остона намондааст, ҳанӯз афроди ширкаткунанда дар он мушаххас нашудаанд ва барномаи кории нишаст ба тавофуқҳои амниятӣ ва бархе усулҳо барои роҳи ҳали мусоламатомези бӯҳрони Сурия маҳдуд аст. Танҳо нуктае, ки ҳамагон дар бораи ин нишаст медонанд, ин аст, ки таърихи оғози гуфтугӯҳои Остона 23 январ аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular