Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲукумати Суғд созмонҳои байналмилалро ба Исфара даъват кард

Ҳукумати Суғд созмонҳои байналмилалро ба Исфара даъват кард

Ҳукумати вилояти Суғд аз “созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарону коршиносони сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ” даъват кардааст ба паёмадҳои “ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар Исфара”, ки рӯзҳои 14-16 сентябр иттифоқ астод “баҳои дурусту ҳақиқӣ диҳанд”.

Ин ниҳод бо нашри наздики аз зарарҳое, ки ҳамлаи қирғизҳо ба деҳоти наздимарзии Тоҷикистон расида, навиштааст “аксҳо аз минтақаҳои наздисарҳадии Исфарамарз бори дигар собит менамояд, ки қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти тирборон қарор додаву оташ задаанд”.

Ба иттилоъи манбаъ “айни замон аз ҷониби мақомоти марбута барои муайянсозии хисорот гуруҳи корӣ ташкил шуда, теъдоди иншоот ва манзилҳои истиқоматии зарардида дақиқ карда мешавад”.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular