Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲимояти Пелоси аз Арманистон; Озарбойҷон иттиҳомотро беасос хонд

Ҳимояти Пелоси аз Арманистон; Озарбойҷон иттиҳомотро беасос хонд

Раиси маҷлиси қонунгузорони Амрико дар сафараш ба Ереван ҳимояти қотеъи Иёлоти муттаҳида аз Арманистонро эълом кард. Раиси парлумони Арманистон хостори таҳримҳои Ғарб алайҳи Озарбойҷон шуд. Озарбойҷон иттиҳомоти Пелосиро беасос ва ғайримунсифона хонд. 

Нэнси Пелоси, раиси маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи якшанбе 18 сентябр танҳо чанд рӯз пас аз даргириҳои шадиди низомӣ миён Арманистон ва ҷумҳури Озарбойҷон, бо сафар ба пойтахти Арманистон “ҳамлаи ғайриқонунии ҷумҳури Озарбойҷон ба хоки Арманистон»-ро маҳкум кард. 

Пелоси бо ҳимояти ошкори Иёлоти муттаҳида аз Арманистон гуфт: “Амрико дар канори Арманистон аст ва аз амният ва демокрасӣ дар ин кишвар ҳимоят хоҳад кард.” 

Ба гуфтаи мақомоти Ереван, дар пайи даргириҳои шадиди низомӣ миёни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон то кунун 135 сарбози арманӣ кушта шудаанд. Озарбойҷон низ аз кушта шудани беш аз 70 сарбоз дар пайи ин даргириҳо хабар додааст. 

Ҳафтаи гузашта Арманистон ва Озарбойҷон даргирии шадид ва дурӯзае дар марзҳои ду кишвар доштанд, ки ба тасарруфи 50 километри мураббаъ аз заминҳои баҳсӣ бо Арманистон тавассути Озарбойҷон мунҷар шуд. 

Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон даҳаҳост бар сари тамомияти арзӣ ва ба хусус минтақаи Қарабоғи кӯҳӣ бо якдигар даргирӣ доранд. Сокинони ин минтақа арманӣ ҳастанд аммо аз назари қавонини байналмилал, минтақа мутааллиқ ба ҷумҳурии Озарбойҷон аст. 

Дар ҷанге, ки дар соли 2020 шаш ҳафта ба тӯл анҷомид, Озарбойҷон тавонист бахше аз ин минтақаро тасарруф кунад ва манотиқеро, ки даҳаҳо дар дасти ҷудоиталабони арманӣ буд дубора таҳти контроли худ дароварад. 

Ин ҷанг бо миёнҷигарии Русия ва тавофуқи оташбас поён гирифт. 

Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико дар дидори рӯзи якшанбе бо Ален Симонян, раиси парлумони Арманистон бо эъломи ин ки “тамомияти арзи Арманистон” барои Иёлоти муттаҳида муҳим аст, гуфт: “барои мо равшан аст, ки даргирии марзӣ байни ду кишвар бо ҳамлаи нерӯҳои Озарбойҷон ба Арманистон оғоз шудааст. Ҳадаф аз ин сафар, ин аст, ки бидонем Арманистон ба таври мушаххас чӣ хостае аз Иёлоти муттаҳида дорад ва мо чӣ ҳимояте метавонем ироа диҳем.” 

Ба гузориши “Шпигел”, Ален Симонян, раиси парлумони Арманистон низ дар конфронси матбуотӣ бо раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико муддаӣ шуд, ки Озарбойҷон аз таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба ҷанги Укроин барои бомбаборони ин кишвар истифода кардааст. 

Раиси парлумони Арманистон ҳамчунин хостори таҳримҳои Ғарб алайҳи Озарбойҷон шуд. 

Изҳороти раиси Маҷлиси намояндагони Амрико дар Ереван бо интиқоди шадиди Озарбойҷон рӯ ба рӯ шудааст. Вазорати дифоъи ин кишвар дар баёнияе эълом кард: “иттиҳомоти беасос ва ғайримунсифонаи Пелоси алайҳи Озарбойҷон ғайри қобили қабул аст.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular