Вазорати корҳои хориҷии Амрико Тоҷикистону Қирғизистонро ба хештандорӣ даъват кард ва хост, ки низомиёни ду кишвар оташбасро дар марз риоя кунанд.
Дар изҳороти котиби матбуотии Департаменти давлатии ИМА Нед Прайс зикр шудааст, ки ҷонибҳо бояд талошҳои худро барои барқарории оромӣ аз тариқи роҳҳои дипломатӣ дучанд кунанд.
«Хабари даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон моро нигарон кардааст. Чунин ҳолатҳо бештар ҷони мардумони ғайринизомиро дар хатар мегузорад ва мо ба хонаводаҳои осебдидагон ҳамдардӣ баён мекунем,- омадааст дар .
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

