Thursday, February 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРусия созишномаи пардохти нафақа ба муҳоҷирони тоҷикро баргардонд

Русия созишномаи пардохти нафақа ба муҳоҷирони тоҷикро баргардонд

Тибқи иттилои муовини раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Назокат Одиназода, Русия шартҳои пешниҳодии Тоҷикистон дар мавриди пардохти нафақа ба муҳочирони тоҷикро напазируфта, онро баргардондааст.

Аммо тибқи иттилои ин ниҳод, созишнома танҳо барои такмил баргардонида шудааст ва гурӯҳи корӣ болои он ба кор шурӯъ кардааст. Баъди такмил он бори дигар ба ҷониби Русия фиристода хоҳад шуд.

Тибқи ин созишнома, ки моҳи августи соли гузашта ниҳоӣ шуда буд, бояд муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия шуғл меварзанд, нафақаашонро аз ин кишвар дарёфт кунанд. Аммо танҳо онҳое имкони дарёфти нафақаро пайдо хоҳанд кард, ки расман ва қонунӣ кор кунанду ба кишвари Русия андози иҷтимоӣ супоранд.

Ин дар ҳолест, ки бештари муҳоҷирони кории тоҷик кӯшиш мекунанд кори ғайрирасмӣ пайдо кунанд, то аз ҳуҷҷатбозӣ ва пардохти андоз озод бошанд. Ба ҳар ҳол дар сурати имзои тарафи Русия ва ба иҷро даромадани ин созишнома, наздик ба 1 миллион муҳоҷири тоҷик имкон пайдо мекунанд нафақаҳояшонро худашон поягузорӣ ва таъмин кунанд.

Ба ақидаи коршиносон ин созишнома роҳро барои гароидани муҳоҷирони тоҷик ба  корҳои расмиву қонунӣ бозтар мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular