Tuesday, March 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМурофиъаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ паси дарҳои баста шурӯъ шуд

Мурофиъаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ паси дарҳои баста шурӯъ шуд

Мурофиаи додгоҳии рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 21-уми сентябр дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе шуруъ шуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хаӣар медиҳад.

Ба иттилоъи мнабаъ, мурофиа паси дарҳои баста мегузарад ва ба толор танҳо ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатиро роҳ додаанду бас.

Масъули баррасии парванда додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, Беҳрӯз Шафо, аст.

Ғурбатӣ ба «таҳқири намояндаи ҳокимият», «истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият» ва «иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ» гумонбар аст.

Ду иттиҳоми аввал ҷарима, вале иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ аз панҷ то ҳашт сол зиндонро дар назар дорад.

Манобеи боварбахш мегӯянд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бозпурсиҳо ҳамаи иттиҳомҳоро рад кардааст.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни имсол аз тарафи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур дастгир шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон боздошти ӯро беасос номида, озодияшро хостаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular