Tuesday, March 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСафорати Тоҷикистон дар Маскав шаҳрвандонро аз рафтан ба ҷанг ҳушдор дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав шаҳрвандонро аз рафтан ба ҷанг ҳушдор дод

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо пахши эъломияе ҳамватанони муқими ин кишварро ҳушдор дод, ки  “аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд”.

“Мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст” — омадааст дар эъломия.

Сафорат аз шаҳрвандон даъват кардааст “барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд”. 

Ду рӯз қабл сафорати Қирғизистон аз шаҳрвандонаш хоста буд аз ширкат дар ҷанги кишварҳои дигар худдорӣ кунанд.

Сафорати Узбекситон ҷанд моҳ қабл, вақте хабари таъсиси як баталйони узбекӣ расонаӣ шуд, ин ҳушдорро дода буд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular