Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАкнун танҳо «Амонатбонк»ба кортҳои бонкии «Мир»хидмат мерасонад

Акнун танҳо «Амонатбонк»ба кортҳои бонкии «Мир»хидмат мерасонад

«Душанбе Сити» баъди сар задани нуқси техникӣ хидматрасониро ба кортҳои бонкии «Мир»-и Русия бас кард. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд.

«Душанбе Сити» то чанд вақти охир, дар баробари «Амонатбонк» ба кортҳои «Мир» хидматрасонӣ мекард.

Дар «Душанбе сити» хабар доданд, ки нуқси техникӣ 23 сентябр сар задааст. Ин дар ҳолест, ки бонкҳои Узбекистон низ хидматрасонӣ ба кортҳои «Мир»-ро қатъ кардаанд.

Хидматрасонӣ тавассути кортҳои низоми пардохтии «Мир»-и Русия дар Узбекистон аз 23-юми сентябр қатъ шудааст.

Дар ин бора Маркази ягонаи ҷумҳуриявии «Uzcard» хабар дода, гуфтааст, он «бо сабабҳои техникӣ» қатъ гашт.

Хабари бо мушкил рӯбарӯ шудани соҳибони кортҳои «Мир» дар Узбекистон чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд. «Uzcard» 21-уми сентябр бо нашри изҳороте гуфта буд, ки қабули кортҳои «Мир»-ро идома медиҳад.

Қаблан Бонки «Halyk Bank»-и Қазоқистон ҳам қабули кортҳои «Мир»-ро қатъ карда буд ва чандин бонки туркӣ, аз ҷумла бузургтарин бонки хусусии Туркия — «Iş Bankası» эълом кард, ки ҳамкориро бо низоми пардохтии русии «Мир» қатъ кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular