Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРусҳо билетҳои парвоз аз Тоҷикистонро ҳам дастнорас карданд

Русҳо билетҳои парвоз аз Тоҷикистонро ҳам дастнорас карданд

Пас аз дар Русия эълон шудани қисман сафарбарии ҳайати захираҳои ҳарбӣ ба артиш аз 21 сентябр нархи билети ҳавопаймо аз Русия ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон бамаротиб боло рафт.

Илова бар ин, чун аксарияти русиягиҳо Тоҷикистонро ба сифати як “кишвари транзитӣ” барои парвоз ба дигар давлатҳо интихоб кардаанд, нархи билетҳои ҳавопаймо аз Душанбе ба дигар кишварҳо низ ба таври назаррас боло рафта, ба баъзе самтҳои серталаби байнулмилалӣ ҳатто билет ёфтан ғайриимкон аст.

Дар нуқтаҳои билетфурӯшӣ билетҳои парвоз аз Душанбе ба Истанбулу Дубай, Мюнхену Тошканд ва Алмато дигар боқӣ намондаанд.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи дар бораи шумори шаҳрвандони Русия, ки айни замон ба кишварҳои ҳамсоя рафтааанд, маълумот медиҳад.

Дар бораи чӣ қадар ба Тоҷикистон омадани онҳо маълумот дастрас нест — хадамоти марзбонии кишвар ба расонаҳо дар ин хусус маълумоти мушаххас намедиҳад.

Аммо бе ин маълумот ҳам аён аст, ки бисёре аз шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон омадаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular