Tuesday, March 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаиси «Тоҷик Эйр»-и муфлис боз иваз шуд

Раиси «Тоҷик Эйр»-и муфлис боз иваз шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дирӯз 29 сентябр қарор дар бораи барканории Дилшод Исматуллозода аз вазифаи директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» дар робита ба кори дигар гузаштанашро имзо кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур, бо як қарори дигари ҳукумат Парвиз Шодмонзода директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» таъин шудааст. Парвиз Шодмонзода зодаи ноҳияи Данғара ва аз хешовандони дури Эмомалӣ Раҳмон аст.

Шералӣ Ганҷалзода аз вазифаи сардори хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ба кори дигар гузаштан озод карда шуда ба ҷои ӯ Далер Қурбонзода таъин шуд.

Ҳамчунин бо қарори ҳукумат Шавкат Бобозода аз вазифаи директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз ин пеш расонаҳо хабар дода буданд,  Шавкат Бобозода ду ҳафта пеш боздошт шуда, зидди ӯ бар пояи банди 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парванда кушодаанд. Шавкат Бобозода ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳдорӣ шуда, парвандаашро муфаттишони Додситонии кул таҳқиқ мекунанд

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular