Tuesday, March 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТаркиш дар мадрасаи Кобул ҷони 19 донишҷӯро гирифт

Таркиш дар мадрасаи Кобул ҷони 19 донишҷӯро гирифт

Бар асари таркиш, ки субҳи имрӯз ҷумъа дар як маркази омӯзишӣ дар ғарби шаҳри Кобул рух дод 19 нафар ҷон бохта ва 28 тани дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории Фаронса бо истинод ба сухангӯи паслиси шаҳри Кобал ҳамла дар маркази омӯзишии «Коҷ» ба вуқӯъ пайваста ва қурбониёни ин таркиш шогирдҳои ин маркази таълимӣ мебошанд.

Ба гуфтаи шоҳидон ҳамлакунанда соати 7:30 дақиқаи субҳи имрӯз нахуст нигаҳбони ин маркази омӯзиширо ҳадаф қарор дод ва пас аз он дар ин марказ ҳамлаи интиҳорӣ анҷом дод.

Гуфта мешавад таркиш замоне рух дод, ки донишомӯзони асосан духтар дар як синф барои иштирок дар имтиҳонҳои воридшавӣ ба донишгоҳҳо омодагӣ медиданд.

Шоҳидон ҳамчунин гуфтаанд мошинҳои ёрии таъҷилӣ бисёр дер расиданд ва қисме аз қурбониён аз хунравии зиёд ҷон доданд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе ба дӯш нагирифтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular