Сухангӯи Кохи Кремл эълом кард, ки 4 минтақаи Укроин, ки дар онҳо “ҳамапурсӣ” баргузор шуд, имрӯз тайи маросиме ба Русия мулҳақ хоҳанд шуд.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кохи риёсатҷумҳури Русия дар робита бо раванди илҳоқи чаҳор минтақа Донетск, Луҳанск, Херсон ва Запороже ба ин кишвар гуфт: 30-уми сентябр санади илҳоқи чаҳор минтақаи ҷадид ба Русия ба думболи баргузории ҳамапурсӣ, тай маросиме расмӣ хоҳад шуд. Владимир Путин раисҷумҳури Русия низ суханронии муфассале дар ин замина анҷом хоҳад дод.
Ба гуфтаи вай ин маросим имрӯз расо соати 3 ба вақти маҳаллӣ баргузор хоҳад шуд.
Песков ҳамчунин ба идомаи анҷоми тадорукоти лозим барои гуфтугӯи телефонии Путин ва Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳур Туркия ишора кард.
Сухангӯи Кохи Кремл дар робита бо эҳтимоли харобкорӣ дар хутути интиқоли гази Нордстрим 1 ва ду, ин иттифоқро камсобиқа номид ва гуфт: ба назар мерасад омили ин иқдоми террористӣ тавассути қудрате дар сатҳи як кишвар сурат гирифта бошад. Ин мавзӯъ бояд фавран баррасӣ шавад.
Пексов дар вокуниш ба ахбори марбут ба ҳузури новҳои русӣ дар наздикиҳои ин ҳодиса гуфт: теъдоди ҷангандаҳои НАТО дар он ҷо бештар буда ва ба ҳамин хотир ин изҳорот аҳмақона аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

