Директори генералии Бонки Осиёии Рушд дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков рӯзи 29-уми сентябр дар брифинги маҷозӣ гуфт, Бонки Осиёии Рушд бастаи дастгирии чаҳор кишвари минтақаи Осиё — Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Покистонро таҳия мекунад.
Дар ин бора директори генералии Бонки Осиёии Рушд дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков рӯзи 29-уми сентябр дар брифинги маҷозӣ хабар дода гуфт, таъсиси Сандуқи кумак барои ин кишварҳо ба хотири таъмини ҳифзи иҷтимоии қишри камбизоат ва осебпазир буда, мусоидат ба амнияти озуқа ва суботи нархҳо, дастгирии шуғли аҳолӣ ва тиҷорати хурду миёнаро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, дар пешгуии Бонки Осиёии Рушд рушди иқтисодии Тоҷикистон барои соли ҷорӣ аз 2 дарсад дар моҳи апрели соли ҷорӣ то 4 дарсад боло бурда шудааст. Рушди иқтисоди Тоҷикистон барои соли 2023 тибқи пешгӯии Бонки Осиёии Рушд аз 3 дарсад то 5 дарсад беҳтар хоҳад шуд.
Қаблан дар моҳи феврали соли ҷорӣ Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Шанни Кэмпбелл гуфта буд, ки дар соли 2022 Тоҷикистон аз ин ниҳод ба маблағи 193 миллион доллар кумаки молӣ дарёфт хоҳад кард.
Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд таъкид кард, ки ҷудо кардани 465 миллион доллар ба Тоҷикистон дар се соли оянда аз соли 2022 то 2024 дар назар аст.
Бонки Осиёии Рушд бузургтарин донори молии Тоҷикистон аст. Аз соли 1998 инҷониб ин бонк ба ҷумҳурӣ ба маблағи 2,3 миллиард доллар, аз ҷумла беш аз 1,7 миллиард доллари амрикоӣ ба таври ройгон кумаки молӣ кардааст.
Аз ин миқдор 35 фоиз ба соҳаи нақлиёт, 26 фоиз ба энергетика, 11 фоиз ба кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ ва боқимонда ба бахши идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, инфрасохтори шаҳрӣ ва ғайра рост меояд.
Аз аввали соли 2018 Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд танҳо ба таври кӯмаки бебозгашт дарёфт мекунад. Қабл аз он, дар солҳои 2015-2017 кумак 50бар50, яъне 50% қарз ва 50% грант дода мешуд.
Намояндагони БОР гузаштани пурра ба грантҳоро бо он шарҳ доданд, ки ӯҳдадориҳои нави молиявӣ метавонанд бори қарзи бе ин ҳам вазнини ҷумҳурӣро боз ҳам вазнинтар гардонанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

