Tuesday, March 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМавлавӣ Абдулҳамид: ба сару қалби намозгузорон тир заданд

Мавлавӣ Абдулҳамид: ба сару қалби намозгузорон тир заданд

Имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон мегӯяд нерӯҳои ягони вижа бо шиллики мустақим ба намозгузорон даҳҳо нафарашонро ба қатл расонданд. Ба гуфтаи Мавлавӣ Абдулҳамид маъмурони ҳукуматӣ “ба сару қалб”-и шаҳрвандон шиллик кардаанд. 

Рӯзи ҷумъа, 30 сентябр дар масҷиди Зоҳидон, маҳалли баргузории намози ҷамоати аҳли суннат, маъмурони ягони вижа ба самти намозгузорон шиллик карданд. 

Мавлавӣ Абдулҳамид, имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон дар гуфтугӯе, ки матни он дар сайти расмии дафтари ӯ мунташир шуд дар бораи “ҳодисаи хунин”-и рӯзи қабл тавзеҳоте дод ва аз ироаи “гузоришҳои нодуруст ва козиб” дар расонаҳои вобаста ба ҳукумат интиқод кард. 

Ба гуфтаи Мавлавӣ Абдулҳамид баъд аз намози ҷумъа дар ҳоле, ки теъдоде аз намозгузорон мутобиқи маъмул барои “адои намозҳои суннат ва нафл” дар масҷид монда буданд “теъдоди маъдуде аз ҷавонони камсинусол” муқобили пулиси маҳаллӣ шиор медоданд, ки садои тирандозӣ баланд шуд. 

Ин рӯҳонии аҳли суннат гуфтааст мутобиқи гузоришҳое, ки ба ӯ расида маъмурони ягони вижа, ки аз қабл дар сохтмони идораи пулис мустақар буданд бо гулӯлаи ҷангӣ ҳам ба самти мӯътаризон ва ҳам аз рӯйи пушти боми идораи пулис ба намозгузорон шиллик карданд. 

Тирандозӣ “ба қалбу сар”-и намозгузорон 

Мавлавӣ Абдулҳамид гуфтааст: “дар идома афроди мусаллаҳ бо либоси шахсӣ, ки рӯйи пушти боми манзилҳо мустақар шуда буданд низ ба самти мардуме, ки дар ҳоли бозгашт ба хонаҳои худ будаанд тирандозӣ мекунанд ва нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин ки аксари ин тирҳо ба сару қалби намозгузорон шиллик шудааст.” 

Ӯ афзуд ин нишон медиҳад, ки шиллики мустақим ба мардум тавассути тактирандозон (снайперҳо) сурат гирифта ва ин масъала боиси рух додани фоҷиаҳое шуда, ки “дар навъи худаш бесобиқа аст”. 

Дасти кам 40 кушта ва 100 маҷрӯҳ 

Имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон мегӯяд мутобиқи охирин гузоришҳо дар ин тирандозиҳо дасти кам 40 нафар ба қатл расиданд ва беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки мушаххас нест чӣ теъдод аз онҳо бар асари шиддати ҷароҳатҳо дертар ҷони худро аз даст додаанд. 

Пас аз кушта шудани Маҳисо Аминӣ, ки дар боздоштгоҳи Гашти Иршоди нерӯи интизомӣ буд, ҳаракатҳои эътирозии густурдае дар шаҳрҳои мухталифи Эрон оғоз шуда, ки ба устони Систон ва Балучистон низ кашида шуд. 

Баъди таҷовузи як фармондеҳи нерӯи интизомӣ ба як духтари 15 сола хашми мардум шӯълавар шуд ва ҳаракатҳои эътирозӣ дар Систон ва Балучистон шиддат гирифт. 

Бархе расонаҳои ҳукуматӣ ва наздик ба Сипоҳи Посдорон рӯзи гузашта муддаӣ шуданд Мавлавӣ Абдулҳамид аз ҳаракатҳои эътирозӣ дар Систон ва Балучистон эъломи бароъат карда ва хостори “бархӯрди қотеъ бо ошубгарон” шудааст. 

Такзиби эъломи бароъат аз ҳаракати мӯътаризон 

Дафтари имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон дар баёнияе ин иддаоро такзиб карда, навиштааст Мавлавӣ Абдулҳамид танҳо аз мардум хоста оромишро ҳифз кунанд ва масъулони маҳаллӣ ва кишвариро фаро хондааст “перомуни ҳодисаи хунбори рӯзи ҷумъа таҳқиқ ва баррасӣ кунанд”. 

Аз рӯзи шанбе саркӯби мӯътаризон дар шаҳрҳои Систон ва Балучистон хашинтар шуд ва гузоришҳое низ дар бораи ҳамлаи шаҳрвандони хашмгин ба маъмурони ҳукуматӣ мунташир шудааст. 

Ҳанӯз аз теъдоди кушташудагон ва маҷрӯҳони ҳаводиси рӯзҳои ахир омори дақиқ ва қобили итминоне дар даст нест. Бархе манобеъи маҳаллӣ шумори қурбониёнро беш аз 60 нафар эълом кардаанд. 

Хабаргузории “Тасним”, расонаи наздик ба Сипоҳ асри шанбе аз Зоҳидон гузориш дод “гурӯҳҳои зидди инқилоб ва душманони низом” бо ҳамла ба макоҳои умумӣ ва хусусӣ аз ҷумла “теъдоде аз шӯъбаи бонкҳо, сохтмонҳои идорӣ ва интизомӣ” хисоратҳои сангинӣ ба бор овардаанд. 

Зоҳиран як гурӯҳи мусаллаҳ низ шомгоҳи шанбе бо ҳамла ба посгоҳи қатори Ханҷаки Зоҳидон қасди тасарруфи онро доштаанд, ки ба гузориши Тасним муваффақ ба ин кор нашуданд. 

Ҷунбиши эътирозии мардуми Эрон, ки вориди севумин ҳафта худ шуда, ба лиҳози густурдагӣ, тадовум ва савийяи зиддиҳукуматии он бисёр вижа аст ва бо ҳимоятҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар 150 шаҳри ҷаҳон рӯ ба рӯ шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular