Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСафорати Русия хабари ҷалби муҳоҷирон ба ҷангро рад кард

Сафорати Русия хабари ҷалби муҳоҷирон ба ҷангро рад кард

Сафорати Русия дар Душанбе бо нашри аз хориҷиёни муқими Русия, аз ҷумла тоҷикон даъват кард, ки ба ҳар гуна маълумоти паҳншуда ва нодуруст дар бораи сафарбарии ҷузъӣ ба сафи артиши ин кишвар,бовар накунанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки хабарҳо оид ба ҷалби муҳоҷирон ба сафарбарии ҷузъӣ дар Русия асоси воқеӣ надорад ва муҳоҷирон набояд ба он дода шаванд.

“Ин гуна маълумотҳо асоси воқеӣ надоранд ва ба хотири тира кардани муносибати Русия бо дигар давлатҳо паҳн карда мешаванд”, -гуфта мешавад дар изҳороти Сафорати Русия дар Душанбе.

Сафорат аз муҳоҷирони муқими Русия, аз ҷумла тоҷикон хоҳиш кардааст, ки “ба ҳар гуна иғво бовар накарда, танҳо ба маълумоти расмӣ эътимод намоянд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз эълони сафарбарии ҷузъӣ дар Русия оид ба ҷалби муҳоҷирон ба сафи артиши ин кишвар маълумотҳои зиддунақиз паҳн гардиданд. Пас аз ин сафоратҳои чандин кишварҳои Осиёи Марказӣ бо нашри изҳорот аз шаҳрвандони худ даъват намуданд, ки аз иштирок дар муноқишаҳои низомӣ дар кишварҳои дигар худдорӣ кунанд, чун барои ин дар кишварҳои аслиаашон ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular