Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБаъди 20 рӯз Тоҷикистон ҳаҷми зарари низоъи марзиро эълон кард

Баъди 20 рӯз Тоҷикистон ҳаҷми зарари низоъи марзиро эълон кард

Баъди 20 рӯзи таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон, ҳукумати Тоҷикистон аз комилан хароб шудани 85 хона ва осебпазир гардидани бештар аз 180 оила дар даргириҳо хабар доданд.

Дар шаҳри Исфара 69 хонаву 90 оила аз ҳамлаи мусаллаҳонаи сарбозони Қирғизистон зарар дидаанд.

Дар Ҷамоати Хистеварзи деҳаи Овчиқалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 16 хана комилан ба хок яксон шуда, 90 манзили дигар қисаман зарар дидааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, дар натиҷаи муноқиша дар марз, дар вилояти Бодканд, ки ҳаммарз бо вилояти Суғд аст, 321 хона, ҳафт мактабу панҷ кӯдакистон ва дигар иншооти мулкӣ осеб дидаанд. Қирғизистон зарари  молияшро 18 млн. доллар эълон кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular