Баъди 20 рӯзи таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон, ҳукумати Тоҷикистон аз комилан хароб шудани 85 хона ва осебпазир гардидани бештар аз 180 оила дар даргириҳо хабар доданд.
Дар шаҳри Исфара 69 хонаву 90 оила аз ҳамлаи мусаллаҳонаи сарбозони Қирғизистон зарар дидаанд.
Дар Ҷамоати Хистеварзи деҳаи Овчиқалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 16 хана комилан ба хок яксон шуда, 90 манзили дигар қисаман зарар дидааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, дар натиҷаи муноқиша дар марз, дар вилояти Бодканд, ки ҳаммарз бо вилояти Суғд аст, 321 хона, ҳафт мактабу панҷ кӯдакистон ва дигар иншооти мулкӣ осеб дидаанд. Қирғизистон зарари молияшро 18 млн. доллар эълон кардааст.