Ҷадидтарин ва пешрафтатарин нови (киштии ҷангӣ) ҳавопаймобари нерӯи баҳрии Иёлоти муттаҳида барои анҷоми нахустин маъмурияти худ рӯзи сешанбе савоҳили Норфолк воқеъ дар Иёлоти Вирҷинияи Амрикоро тарк кард.
Ин нови бисёр пешрафта ба ҳамроҳи як гурӯҳи зарбатии муташаккил аз чанд новшикан ва киштии ҷангӣ, қарор аст дар як размоиши баҳрии муштарак ба ҳамроҳи муттаҳидони Иёлоти муттаҳида дар Амрикои шимолӣ ва Аврупо ширкат кунад.
Ба гуфтаи мақомоти нерӯи баҳрии Амрико мароҳили тарроҳӣ ва сохти “USS Gerald R, Ford” беш аз 40 сол тӯл кашида ва бо ду соли таъхир вориди мароҳили тест ва айбёбӣ шудааст.
Гуфта шудааст, ки сохти ин Нов ба таври расмӣ аз ноябри 2009 оғоз гардид ва дар соли 2017 тавассути Доналд Трамп раисҷумҳури собиқи Амрико аз он рӯнамоӣ шуд.
“USS Gerald R, Ford” нахустин нови ҳавопаймобари навъи Форд аст. Нерӯи баҳрии Амрико новҳои ҳастаии навъи Фордро ҷойгузин новҳои навъи Нимитс мекунад, ки поёни давраи панҷоҳсолаи бакоргирии онҳо наздик шудааст.
Нерӯи баҳрии Иёлоти муттаҳида сохти ду нови дигари навъи Форд яъне “USS Kennedy” ва “USS Enterprise”-ро аз ҳам акнун оғоз кардааст.
Баҳра бурдан аз системи радарии пешрафта ва фановарии электиромагнитӣ
Ба гуфтаи мақомоти нерӯи баҳрии Амрико нови ҳавопаймобари “USS Gerald R, Ford” пас аз итмоми мароҳили сохт ва рӯнамоӣ, бо ду соли таъхир барои анҷоми озмоишҳои зиёд ба ин нерӯ таҳвил дода шуд ва дар ҷараёни тестҳо низ замони қобили таваҷҷуҳе барои ислоҳи мушкилоти системи манҷаниқи электиромагнитии партоби он сарф шуд.
Ин нов дорои нерӯи муҳаррики ҳастаӣ аст ва аз фановарии ҷадид ва пешрафтае баҳра мебарад, ки тавони электирикии онро тақрибан се баробар нисбат ба новҳои насли пеш ва ба таври мушаххас дар муқоиса бо новҳои навъи Нимитс афзоиш додааст.
Системи партоби электиромагнитии ҳавопаймо, ки нови Гералд Форд аз он баҳра мебарад бар хилофи системи бухор, фишори камтаре ба ҳавопаймо ҳангоми баланд шудан ворид мекунад ва сабаб мешавад то фосилаи замони камтаре байни партобҳо низ бошад.
Ин киштии ҷангӣ, ки ҳудуди 13 миллиард доллар барои сохти он ҳазина шуда, муҷаҳҳаз ба пешрафтатарин системи радарӣ аст. “USS Gerald R, Ford” беш аз 100 ҳазор тонн вазн дорад ва дар айни ҳол аз қобилияти ҳаракат бо суръати 54 километр дар соат бархурдор аст.
Ширкат дар размоиши чандмиллиятии Уқёнуси Атлантик
Нахустин маъмурияти нови “USS Gerald R, Ford” ширкат дар размоишҳои муштараке бо ҳузури новҳои 9 кишвари муттаҳиди Амрикост, ки қарор аст ба муддати чанд ҳафта дар обҳои Уқёнуси Атлантик ва Баҳри Миёназамин баргузор шавад.
Ин манёврҳои чандмиллиятӣ умдатан дар Уқёнуси Атлантик ва бар дифоъи зидди ҳавоӣ, ҷанги зидди зербаҳрӣ, иқдомоти мутақобили мин ва амалиёти обию хокӣ мутамаркиз хоҳанд буд.
Нерӯи баҳрии Иёлоти муттаҳида бидуни ишора ба теъдоди новҳои ҳар кишвари ширкаткунанда, эълом кардааст, ки дар маҷмӯъ 9 ҳазор нерӯ, бист нови ҷангӣ ва 60 фарванд ҳавопаймо дар манёврҳои муштараки баҳрии ин кишвар бо муттаҳидон дар Уқёнуси Атлантик мушорикат доранд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

