Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет500 басиҷии рус бо нишони эътироз аз қатор поин шуданд (навор)

500 басиҷии рус бо нишони эътироз аз қатор поин шуданд (навор)

Ҳудуди панҷсад шаҳрванди Русия, ки барои иштирок дар ҷанги Украина басиҷ шудаанд, бо нашри видеое гуфтанд, дар “як шароити ҳайвонӣ” нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин видео шоми чоршанбе, 5-уми октябр, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Дар навор анбуҳи низомиёни мусаллаҳ дида мешавад, ки мегӯянд, аз қатораи Белгород поин шудаанд.

Басиҷшудаҳо гуфтанд, намедонанд, ки ба кадом қисми низомӣ тааллуқ доранд ва онҳоро ба куҷо мефиристанд. Ҳамчунин ҳамаи лавозимоти заруриро аз ҳисоби худ харидаанд.

Макон ва замони дақиқи сабти навор маълум нест. 

Низомиёни Русия, ки дар асоси фармони Путин басиҷ мешаванд, пайваста аз шароити бад дар артиши ин кишвар ва норасоии лавозимоти ҷангӣ шикоят мекунанд.

Тавре маълум шуд, аксари басиҷшудаҳо дар қисмҳои низомӣ дар рӯи фарш хобанд ва бо ғизои хуб таъмин нестанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular