Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБарандагони ҷоизаи сулҳи Нобел маълум шуданд

Барандагони ҷоизаи сулҳи Нобел маълум шуданд

Барандагони ҷоизаи имсолаи сулҳи Нобел муайян шуданд. Ин ҷоиза байни ду ниҳод ва як фаъоли се кишвари вориди ҷанги Укроин тақсим мешавад. 

Фаъоли ҳуқуқибашарии белорусӣ Алес Билятский, Маркази озодиҳои шаҳрвандии Укроин ва созмони “Мемориал”-и Русия бо қарори Кумитаи норвежии Нобел, ки имрӯз 7 октябр эълон шуд, ҷоизаро байни ҳам тақсим мекунанд.

Дар қарор омадааст, “барандаҳои ҷоизаи сулҳ намояндагони ҷомеаи маданӣ дар кишварҳои худ мебошанд. Онҳо давоми солиёни дароз ҳуқуқ ба танқиди қудрат ва ҳимоят аз ҳуқуқҳои бунёдии шаҳрвандонро ташвиқ кардаанд”.

Кумитаи Нобел мегӯяд, ин нафарон ва созмонҳо “ҷиноятҳои ҷангӣ, поймолшавии ҳуқуқи инсон ва нақзи қудратро ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд. Дар ҳамроҳӣ онҳо аҳамияти ҷомеаи маданиро барои сулҳу демократия ба намоиш мегузоранд”.

Соли гузашта ин ҷоиза насиби ду нафар – журналистони филиппинӣ ва рус — Мария Ресса ва Дмитрий Муратов шуд, ки “барои ҷасораташон дар мубориза барои озодии баён” қадрдонӣ шуданд.

Соли 2020 Барномаи ғизои Созмони Милали Муттаҳид, идораи воқеъ дар Руми Итолиё барои муборизааш бо гуруснагӣ дар ҷаҳон барандаи ин ҷоиза шуданд. Ба баранда нишони тиллои ҷоизаи Сулҳи Нобел ва беш аз 1.4 миллион доллар дода мешавад.

Ҷоизаро соҳибкору саноатчии швед Алфред Нобел дар соли 1895 таъсис дода буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular